Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот: "Ҳафтод узви тоҷики ДИИШ ба кишвар баргаштанд"


Мақомот гуфтанд, ки бино ба иттилои онҳо, дар се соли гузашта 1141 шаҳрванди Тоҷикистон ба саффи гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваста, аз ин теъдод 70 нафар ба кишвар баргаштаанд. Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, рӯзи 10-уми июл гуфт, ҳалокати 300 нафар аз “ҷиҳодиҳои тоҷик” низ тавассути наздиконашон таъйид шудааст.

Ин масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, онҳое, ки аз саффи ДИИШ ба ватан омадаанд, хатар надоранд ва таҳти назорати мақомот ҳастанд.

Сайфулло Сафаров гуфт, ки баъд аз оғози амалиёт дар Раққа ва Мавсил муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурия ва Ироқ ҳастанд, ба консулгарии Тоҷикистон дар Туркия афзудааст. Ӯ гуфт, ки талоши “кӯчиши” ДИИШ ба Афғонистон ва Либия ба мушоҳида мерасад.

ДИИШ як гурӯҳи тундрави мазҳабӣ аст, ки соли 2014 дар Ироқ ва Сурия таъсис шуда ва тайи ин муддат қаламравҳои зиёде аз ин ду кишварро дар ихтиёр гирифт. Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои ироқи шаҳри Мавсил – яке аз умдатарин пойгоҳҳои ин гурӯҳ дар Ироқро бозпас гирифтанд. Ҷангҳо барои бозпасгирии Риққа – пойтахти ДИИШ дар Сурия – идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG