Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори расонаҳои давлатии Куриёи Шимолӣ ба Амрико


Расонаҳои давлатии Куриёи Шимолӣ дар мавриди онки “иқдоми таҳрикомези бебоконаи низомӣ” хонда шудааст, ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор доданд. Ин дар ҳолест, ки танишҳо бар сари барномааи силоҳи атомӣ ва мушакҳои баллистикии Куриёи Шимолӣ дар ҳоли худ боқист.

Rodong Sinmun – нашрияи марбут ба ҳизби ҳокими Куриёи Шимолӣ рӯзи 9-уми июл дар як шарҳаш навишт, “Иёлоти Муттаҳида талош мекунад, то хатари як ҷанги атомиро дар нимҷазираи Куриё ба нуқтаи авҷаш бирасонад”.

Як рӯз пеш аз ин, Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ тамринҳои муштараки низомӣ баргузор карданд.

Бомбафканҳои амрикоӣ дар ҷараёни ин тамринҳо дар наздикии сарҳади ба шиддат ҳифозатшуда миёни Куриёи Шимолӣ ва Куриёи Ҷанубӣ парвоз карда, бомбаҳои 900-килоиро партоб кард.

Куриёи Шимолӣ ҳафтаи гузашта як мушаки баллистикиро озмоиш кард, ки ба бовари таҳлилгарон метавонад то аёлати Аляскаи Амрико бирасад. Куриёи Шимолӣ иддао кардааст, ки ин мушак тавоноии ҳамли кӯлоҳакҳои ҳастаиро дорад.

Видеоҳои охирин

Рустами Эмомалӣ ба корхонадорон: "Ё ба кор андозед, ё мусодира мекунем"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG