Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 26 сарбози мисрӣ дар паи ҳамлаи ду маргталаб


Низомиёни мисрӣ марзи Мисру Рафаҳро назорат мекунанд. Акс аз соли 2013
Низомиёни мисрӣ марзи Мисру Рафаҳро назорат мекунанд. Акс аз соли 2013

Мақомоти амниятии Миср гуфтанд, ки ду маргталаб ба посгоҳе дар шимоли нимҷазираи Сино ҳамла карда дар натиҷа 26 сарбози мисриро ба ҳалокат расониданд. Ин ҳамла дар ҷануби шаҳри Рафаҳ рух дод, ки бо навори Ғаззаи Фаластин ҳаммарз аст. Дар ин минтақа ҷангиёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бо нирӯҳои ҳукуматӣ даргир ҳастанд. Баъди сарнагун шудани ҳукумати президенти исломгарои Миср Муҳаммади Мурсӣ дар соли 2013, ДИИШ садҳо низомиёни ҳукуматиро қатл кардааст.

XS
SM
MD
LG