Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳи Саудӣ дар нишасти G20 иштирок намекунад


Сухангӯи ҳукумати Олмон гуфт, ки шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз дар нишасти G20, ки рӯзҳои 7-8 июл дар Ҳамбурги Олмон баргузор мешавад, иштирок намекунад.

Стеффен Зайберт рӯзи 3 июл гуфт, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ Берлинро огоҳ кард, ки шоҳи 81 сола ба нишасти 20 кишвари пешрафтаи ҷаҳон намеравад.

Сухангӯи ҳукумати Олмон сабаби лағви сафари шоҳи Саудиро шарҳ надод.

Аммо манобеи дипломатии Саудӣ рӯзи душанбе ба хабаргузории DPA гуфтанд, ки лағви сафар ба ихтилофи байни Саудӣ ва Қатар рабт мегирад.

Моҳи июн Арабистони Саудӣ ҳамсояҳояш Баҳрайн, Иморати Араб, ва Мисрро ба қатъи равобит бо Қатар ташвиқ кард ва ин кишварро пуштибони гурӯҳҳои террористӣ хонд.

Ин чаҳор кишвар аз Доҳа талаб карданд, ки кӯмак ба созмони "Ихвонул-муслимин" ва пахши телевизиони моҳвораии Al-Jazeera-ро қатъ кунад, аз равобити дипломатӣ бо Эрон ва пойгоҳи низомии Туркия дар Қатардаст кашад.

Дар нишасти G20 вазири молияи Саудӣ Муҳаммад ал-Ҷадаан иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG