Пайвандҳои дастрасӣ

Навоз Шариф ва Ашраф Ғанӣ ба Душанбе мераванд


Дар Душанбе рӯзи 5 июл қарор аст ҳамоиши раҳбарони Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон баргузор шавад. Ба иттилои Радиои давлатии Покистон, нахуствазир Навоз Шариф барои дидору гуфтугӯ бо президентони Тоҷикистон ва Афғонистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ ба Душанбе сафар мекунад. Сартоҷ Азиз, як мушовири нахуствазири Покистон гуфт, ки миёни ин се кишвар дар заминаи ҳамоҳангии механизми сулҳу эътидол дар минтақа машваратҳо ҷараён дорад ва ҳамоиши Душанбе ҳам бахше аз ин музокирот аст. Ҳанӯз ҷузъиёти бештари ин дидору гуфтугӯҳо ва аз ҷумла барномаи масоили мавриди баррасӣ дар Тоҷикистон дастрас нест. Ҳанӯз мақомоти тоҷик ҳам дар ин замина изҳороте надодаанд.

Мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гурӯҳҳои шӯришӣ аз масоилест, ки ин се кишварро нигарон мекунад. Вале равобити сиёсии Афғонистону Покистонро ҳар сари чанд таҳдидҳои марбут ба ҳамлаҳои террористиву гурӯҳҳои саркаши мусаллаҳ хатчадор мекунад. Кобул Исломободро дар он муттаҳам мекунад, ки дар қаламраваш ба гурӯҳи “Толибони Покистон” паноҳгоҳ додааст ва ин гурӯҳ масъули ҳамла ба нирӯҳои давлативу сокинони мулкии Афғонистон аст. Вале Покистон ин иттиҳомотро ҳамеша рад карда гуфтааст, ки баробар бо Афғонистон худ як қурбонии дигари терроризм мебошад.

Тоҷикистон ба унвони кишвари ҳаммарз бо Афғонистон ҳамеша нигарон аст, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ барои зарба ба эътидоли ин кишвар марзашро убур накунанд. Мавриди барҷастаи рахна шудани марзи Тоҷикистону Афғонистон – тирамоҳи соли 2010 буд, ки гурӯҳи мухолифон ба раҳбарии фармондеҳи саркаш Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло), ки сулҳи ҳукумату мухолифонро дар соли 1997 қабул накард, бо даҳҳо ҷангӣ вориди хоки Тоҷикистон шуда, ба низомиёни вазорати дифоъ дар Камароб ҳамла кард. Дар он ҳодисаҳо 28 нафар кушта шуд. Амалиёти нобудсозии гурӯҳи Раҳимов то баҳори соли 2011 идома ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG