Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори манъи вуруди шаҳрвандони 6 кишвар ба иҷро даромад


Дар ИМА қарори маҳдудияти сафари шаҳрвандони шаш кишвари умдатан мусалмоннишин ба иҷро даромад. Бар пояи ин қарор, ки рӯзи 29 июн аз соати 8 шом ба вақти Вашингтон ба иҷро даромад, шаҳрвандони Сурия, Судон, Сомалӣ, Либия, Эрон ва Яман, ки то замони ба иҷро даромадани ин қарор соҳиби виза шуда буданд, ҳақи вуруд ба ИМА-ро ба даст оварданд. Вале дигарон, ки тоза барои гирифтани виза муроҷиат мекунанд, бояд доштани хешу табори наздики хунӣ ваё равобити расмии корӣ бо сохторҳои амрикоиро собит кунанд, ки соҳиби виза шаванд.

Тасмими муваққатии манъи вуруд 90 рӯзро дар бар мегирад. Ин қарор ҳамроҳ бо манъи вуруди 120-рӯзаи вуруди паноҳандаҳои дигар ҳамзамон қувваи иҷро гирифтааст. Қароре, ки аз ҷониби маъмурияти президент Доналд Трамп қабул шудааст, моҳи январ мавриди эътирозҳои зиёд дар саросари ҷаҳон шуд ва бахши аъзами ин эътирозҳо дар наздикиҳои фурудгоҳҳо баргузор шуд.

Дар як тағйироте, ки дар лаҳзаи охир ба матни қарор ворид шуд, категорияи “хешҳои наздик” бо иловаи “номзад”, яъне арӯсу домоди оянда афзоиш дода шуд. Вале рӯзи 29 июн додгоҳе дар Ҳавайӣ бо пахши як санади изтирорӣ ба додгоҳи федеролии кишвар гуфт, ки ба рӯйхати хешовандони наздик бояд падару модарбузург ва холаву амакҳо ҳам ворид шаванд. Ин бахши хешовандон аз феҳристи “хешовандони наздик” лағв шудааст.

XS
SM
MD
LG