Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо вазири хориҷаи Олмон мулоқот мекунад


Путину Габриэл дар мулоқоти моҳи марти соли 2017

Президенти Русия Владимир Путин қарор аст 29 июн дар Маскав бо вазири хориҷаи Олмон Зигмар Габриэл мулоқот кунад. Мулоқоти Путину Габриэл дар шароите баргузор хоҳад шуд, ки равобити Русия бо Ғарб аз замони “Ҷанги сард” дар поинтарин сатҳ қарор дорад. Равобити ду ҷониб баъди шурӯи мухолифатҳои низомӣ дар шарқи Украина ва ғасби нимҷазираи Қрим дар соли 2014 печидатар шуд. Ғарб Русияро дар пуштибонӣ аз ҷудоиталабони украинӣ айбдор мекунад.

Рӯзи 28 июн Габриэл аз Киев ва ҷудоиталабон даъват кард, ки оташбаси дарозмуддатро риоя карда барои ҳалли сиёсии қазия мусоидат кунанд. Дар се соли даргириҳо дар шарқи Украина 10 ҳазор нафар кушта шудааст.

Видеоҳои охирин

Беқурбшавии сомонӣ воридотро душвор кардааст.
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:55 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG