Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйи маҷлиси ИМА пойбандии ин кишварро ба НАТО намоиш дод


Дар пайи овоздиҳии аксари кулли аъзои Маҷлис, Амрико пойбандии худро ба оинномаи НАТО изҳор кард, ки аз ҷумла, посухи муштараки ҳамаи 29 узви ин паймони низомиро ба ҳамлаи яке аз кишварҳои узв дар назар мегирад.

Дар овоздиҳие, ки рӯзи 27-уми июн баргузор шуд, аз 427 узви маҷлис 423 нафар барои қабули эъломия овоз доданд. Дар матни ин санад даъвати афзоиши 2 дар садии хароҷоти амниятии буҷаҳои давлатии ин кишвар низ зикр шудааст.

Пол Раян, раиси маҷлис гуфт, ки НАТО-и пурқудрат як зарурати рӯз шудааст. Ин овоздиҳиву баҳсҳо дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Амрикр Доналд Трамп аз зарурати НАТО ва саҳми кишварҳои дигар дар буҷаи ин созмони низомӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни боздидаш аз Брюссел моҳи май Трамп дар заминаи ӯҳдадориҳои ИМА дар баробари НАТО чизе нагуфт.

XS
SM
MD
LG