Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хеши Ислом Каримов дар Украина паноҳанда шуд


Мақомот дар Киев гуфтанд, ки як хеши президенти собиқи Ӯзбакистон Ислом Каримов аз ҳабси хонагӣ озод шуда дар қаламрави Украина мақоми паноҳандагӣ гирифт. Надежда Максиметс, сухангӯи додситонии кулл дар сӯҳбат бо бахши Ӯзбакии радиои Озодӣ рӯзи 27 июн гуфт, ки Акбаралӣ Абдуллоев рӯзи 14 июн аз ҳабси хонагӣ озод шуд. Абдуллоев бародарзодаи Татяна Каримова – ҳамсари Ислом Каримови марҳум аст, ки дар Тошканд барои ришват ва азхудкунии маблағҳо гунаҳгор мешавад.

Ӯ моҳи январи имсол дар фурудгоҳи байналмилалии Киев бо шиносномаи шаҳрванди Ӯзбакистон ва Доминикан боздошт шуд ва то 21 апрел дар боздоштгоҳ буд. Баъдан ӯ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Моҳи феврал додгоҳи Киев ҳукм кард, ки Абдуллоев бояд то як соли дигар дар боздошт монад, то дархости истирдоди ӯ ба Ӯзбакистон баррасӣ шавад. Худи Абдуллоев дар додгоҳ иддао кард, ки дар Ӯзбакистон ба ӯ марг таҳдид мекунад.

Максиметс гуфт, ки ҳама гуна қарор дар робита бо истирдоди Абдуллоеви 33-сола ба додситонии кулли Украина бастагӣ мегирад. Соли 2014 Ӯзбакистон Абдуллоевро барои азхудкунии садҳо миллион доллар муттаҳам кард.

Видеоҳои охирин

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG