Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба зиндони ДИИШ даҳҳо нафар кушта шуд


Дар паи як ҳамлаи эҳтимолан ҳавоии эътилофи ба раҳбарии ИМА дар зиндони марбут ба гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар шарқи Сурия 57 нафар кушта шуд. Дар ин бора созмони бритониёии Нозирони ҳуқуқи башар дар Сурия хабар дод. Ин созмон гуфт, ки дар ин ҳодиса 42 маҳбус ва 15 ҷангии гурӯҳи “Давлати исломӣ” кушта шуданд. Таркиш рӯзи 26 июн дар наздикии муассисаи Ал-Маяддини вилояти Дайр Аз-Зур рух дод.

Сарҳанг Ҷо Скрокка, сухангӯи нирӯҳои эътилоф рӯзи 27 июн гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи 25 ва 26 июн фармондеҳони ДИИШ ва муассисаҳои зери назари онҳоро ҳадаф қарор дод. Вай афзуд, ки ин амалиёт ба хотири роҳ надодан ба хисорот дар миёни афроди мулкӣ ба таври дақиқ ба нақша гирифта шуда буд. Вай гуфт, ки гузоришҳои расида санҷида мешавад. Ал-Маяддин дар 45-километрии ҷанубушарқи шаҳри Дайр Аз-Зур қарор дошта пайваста мавриди ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои эътилофӣ қарор мегирад.

XS
SM
MD
LG