Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ амри Трампро пуштибонӣ кард


Додгоҳи Олии ИМА ҳукми додгоҳи поёнии ин кишварро лағв кард, ки амри президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи манъи 90-рӯзаи вуруди шаҳрвандони шаш кишвари аксаран мусулмониро мутаваққиф карда буд. Қароре, ки рӯзи 26 июн содир шуд, ба он маъност, ки тасмими Трамп дар бораи манъи сафар қисман иҷро мешавад. Додгоҳи олӣ ҳанӯз фурсат дорад, ки ин парвандаро пурра бозбинӣ кунад. Баррасии навбатии ин қазия моҳи октябр баргузор мешавад. Додгоҳ, аз ҷумла, қарор кард, ки бандҳои он нисбат ба хориҷиҳои дорои иртиботи наздик бо созмону ширкатҳои амрикоӣ, тиҷорат ва шаҳрвадони ИМА дар шакли маҳдуд иҷро мешавад.

Оғози моҳи июн Трамп дар як муроҷиаташ ба Додгоҳи олӣ хоста буд, ки қарори додгоҳи мунсифа бозбинӣ шавад. Дар тасмими ин додгоҳ гуфта шуд, ки иҷрои қарори марбут ба муҳоҷирон бояд ба таври муваққатӣ боздошта шавад. Дар гузашта додгоҳҳои федеролӣ ду дафъа қарори Трампро масдуд карда буданд. Қарори манъи вуруди 90-рӯзаи хориҷиҳо марбут ба шаҳрвандони Эрон, Либия, Сомалӣ, Сурия ва Яман мебошад.

Ҳафтаи гузашта Трамп гуфт, ки баъди аз назари додгоҳ гузаштани ин қарор дар фурсати 72 соати баъдиаш он ҳукми иҷро хоҳад гирифт. Трамп пофишорӣ дорад, ки ин монеа ба хотири таъмини амнияти ИМА зарур аст. Мунаққидон гуфтанд, ки қарори мазкур, ки маҳз мусалмонҳоро ҳадаф қарор додааст, хилоф бо конститутсияи ИМА мебошад. ​

XS
SM
MD
LG