Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд вебсайти расмӣ дар ИМА рахна шуд


Волии Оҳайо Ҷон Касич
Волии Оҳайо Ҷон Касич

Дар ИМА чандин вебсайти ҳукуматӣ, аксараш дар аёлати Оҳайо, баъди рахна шудан бо паёми тарафдорӣ аз ақоиди гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” баста шуд. Гурӯҳе, ки худро бо исми Team System DZ муаррифӣ кардааст, рӯзи 25 июн вебсайти волии Оҳайо Ҷон Касичи ҷумҳурихоҳро рахна карда навиштааст, ки ба қавли он “президент Доналд Трамп барои ҳар қатра хуни рехта дар кишварҳои мусалмонӣ посух хоҳад дод”.

Ин паём бо истифода аз рангҳои сафеду сиёҳ ва рамзи парчами ДИИШ ирсол шуд. Айни чунин ҳодиса бо вебсайтҳои расмии дигар дар Оҳайо, инчунин маъмурияти шаҳраки Брукҳевени Ню-Йорк ва ҳавзаи Ҳоварди Мериланд рух дод. Баъзе вебсайтҳо то субҳи 26 июн берун аз истифода буданд. Дар гузашта ҳам гурӯҳи ба истилоҳ Team System DZ масъулияти мавридҳои рахнагариро ба ӯҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG