Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳамлаи террористӣ ба Масҷид-ул-ҳаром ҷилавгирӣ шудааст


Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, ки аз як ҳамлаи террористӣ ба Масҷид-ул-ҳаром дар шаҳри Макка ҷилавгирӣ шудааст.

Масъулони Вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ рӯзи 23-юми июн гуфтанд, як бомбгузори маргталаб қасд дошт, ки ба ин масҷид ҳамла кунад. Ҷойе, ки миллионҳо нафар аз сартосари ҷаҳон гирдиҳам меоянд.

Аммо ба гуфтаи онҳо, ҳамлавари маргталаб худашро замоне тарконд, ки нирӯҳои амниятӣ хонаеро, ки ӯ дар онҷо пинҳон шуда буд, муҳосира карданд. Ба қавли масъулони вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ, дар ин ҳодиса як бинои сеошёна фурӯ рехта, 11 нафар бо шумули панҷ афсари пулис захмӣ шуданд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, дар пайи ин ҳодиса панҷ гумонбар, аз ҷумла як занро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG