Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба мавқеи ДИИШ дар Сурия мушакҳои болдор партофт


Киштии "Адмирал Григоревич"-и Русия ҳангоми партоби мушакҳои болдор ба Сурия

Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки ба мавқеи гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» дар Сурия, аз баҳри Миёназамин мушаки болдор партоб кард.

Вазорат рӯзи 23-юми июн бо пахши як изҳорот гуфт, ки ду киштӣ – Адмирал Ессен ва Адмирал Григоревич, ҳамчунин киштии зериобии Краснодар, бо шаш мушаки болдор ба маркази фармондеҳӣ ва анбори силоҳҳои ДИИШ дар минтақаи Ақирбати вилояти Ҳома зарба зад.

Ин ниҳод афзуд, ки ба дунболи партоби мушакҳои болдор, ҳавопаймоҳои Русия бо ҳадафи аз байн бурдани ҷангҷӯёни боқимондаи ДИИШ ва пойгоҳи онҳо ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом доданд.

Мақомоти низомӣ нагуфтаанд, ки ин ҳамлаҳо кай анҷом шуданд.

Маскав дар гузашта низ аз баҳри Миёназамин ба мавқеи ҷангҷӯён зарба зада буд. Русия, ки аз пуштибонҳои калидии президенти Сурия Башор Асад аст, моҳи сентябри соли 2015 ҳамлаҳои ҳавоиро дар ин кишвар оғоз кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG