Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон: Фаронса рафтани Башор Асадро шарти расидан ба сулҳ намедонад


Раисони ҷуҳмури Русия ва Фаронса Владимир Путин ва Эммануэл Макрон
Раисони ҷуҳмури Русия ва Фаронса Владимир Путин ва Эммануэл Макрон

Рафтани президенти Сурия Башор Асад аз қудрат дигар аз талабҳои аслии Фаронса нест. Изҳороти Эммануэл Макрон дар ин робита рӯзи 22 июн якбора дар ҳашт нашрияи аврупоӣ чоп шуд.

Макрон дар шарҳи мавқеаш гуфт, ки "ҳеҷ нафаре ҷойгузини "қонунӣ-и Асадро пешниҳод накардааст. Ба ин тартиб, Фаронса мавқеи худро дар робита ба музокироти сулҳи Сурия дигар кард. Дар замони раҳбарии Франсуа Олланд дипломатҳои фаронсавӣ, ҳамчун пешшарти истқрори сулҳ дар Сурия, борҳо барканории Асадро талаб карданд.

Дар сӯҳбати матбуотии рӯзи гузашта президент Макрон барои ҳалли низои Сурия таҳияи "нақшаи роҳ"-и сиёсӣ ва дипломатӣ ва иҷро шудани чанд шартро пешниҳод кард. Шарти асосӣ "муборизаи бидуни қайду шарт бо гурӯҳҳои тероористӣ" аст. Макрон ин гурӯҳҳоро душмани аслии Фаронса ва кишварҳои дигар номид. Барои маҳви ин гурӯҳҳо ҳамкории ҳама зарур аст, махсусан ҳамкории Русия", гуфт Эммануэл Макрон.

XS
SM
MD
LG