Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти раҳбарони ИА дар Брюссел - Аз Брекзит то амният


Доналд Туск

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо бо барномае, ки дар он бурунрафти Бритониё аз Иттиҳод ё Брекзит дар сафи аввал қарор дорад, барои нишасти дурӯза дар Брюссел ҷамъ шуданд. Нахуствазири Бритониё Тереза Мэй нимаи дувуми рӯзи 22-юми июн бо гузориши кӯтоҳ дар ҳузури раҳбарони ИА суханронӣ мекунад.

Интизор меравад, ки Тереза Мэй ба шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо созишномаи ҳаққи иқомат ва корро пешниҳод кунад.

Бритониё дар ҳоле мехоҳад аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад, ки баъзе аз раҳбарони Аврупо аз пешрафти он сӯҳбат мекунанд. Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо рӯзи 22-юми июн дар Брюссел ба хабарнигорон гуфт, ки пешрафтҳои сиёсиву иқтисодӣ дар кишварҳои Иттиҳод ӯро хушбин кардааст.

Дар пасманзари чанд ҳамлаи террористӣ дар Белгия, Лондон ва Фаронса масъалаи амният дар маркази таваҷҷӯҳи саммити Брюссел хоҳад буд.

Видеоҳои охирин

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG