Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ян Келли: Русия аз воридшавии Гурҷистон ба НАТО ҷилавгирӣ мекунад


Ян Келли, сафири Амрико дар Тифлис
Ян Келли, сафири Амрико дар Тифлис

Ян Келли, сафири Амрико дар Тифлис, гуфт, ки “Русия ҳар корро мекунад, то аз шомилшавии Гурҷистон ба НАТО ҷилавгирӣ шавад”. Ин изҳоротро сафири Иёлоти Муттаҳида рӯзи чаҳоршанбе дар маросими таҷлил аз 25-солагии равобити дипломатии Амрико ва Гурҷистон пахш кард.

Ба қавли сафир, “Гурҷистон ҳамсояе дорад, ки дар бораи ҳимоят ва эҳтироми истиқлоли ҳамсояҳояш бисёр гап мезанад, аммо дар асл аз чизе ҳимоят намекунад.”

Ба назари Келли, “Маскав Гурҷистонро давлати мустақил ҳисоб намекунад. Намехоҳад истиқлоли Гурҷистонро ба назар бигирад. Мехоҳад ҳолатеро нигаҳ дорад, ки Гурҷистон натавонад ба НАТО шомил шавад.”

Сафири Амрико Гурҷистонро кишвари дӯст номид, ки равобиташ бо ИМА бо “гӯшту хун” пайванд аст. Ян Келли дар шарҳи ин назараш сараввал аз муборизаи якҷояи ду кишвар алайҳи “душмани муштарак” дар Афғонистон ёдовар шуд, ки дар ҷараёни он 30 сарбози гурҷӣ кушта ва садҳо нафар захмӣ шуд.

“Мо аз шумо пуштибонӣ мекунем ва интизор дорем, ки шумо дар роҳи бунёди сохторҳои демократӣ боз ҳам ба пеш меравед”, - гуфт Ян Келли.

XS
SM
MD
LG