Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Стоун видеои дурӯғини Сурияро нишон дод. ВИДЕО


Акс аз видеои силсилаи сӯҳбатҳои Путин бо коргардони амрикоӣ Оливер Стоун
Акс аз видеои силсилаи сӯҳбатҳои Путин бо коргардони амрикоӣ Оливер Стоун

Лазҳаҳое, ки президенти Русия Владимир Путин онҳоро ҳамчун намунаи кори нерӯҳои ҳавоии Русия дар Сурия ба коргардони амрикоӣ Оливер Стоун нишон дод, дар асл аз видеои амалиёти артиши ИМА дар Афғонистон дар соли 2013 гирифта шудаанд. Ин саҳна ба филми мустанади Стоун дар бораи Путин ворид шуд.

Дар ин бора гурӯҳи мустақили тадқиқотии Conflict Intelligence Team (CIT) хабар дод ва ду наворро бо ҳам муқоиса кард.

Дар филми мустанади "Мусоҳиба бо Путин" президенти Русия як видеоро дар дастгоҳи мобил ба Стоун нишон медиҳад ва онро корнамоии пилотҳои ҷангии рус дар Сурия муаррифӣ мекунад. Аммо дар асл ин саҳнаҳо аз ҳамлаи чархболи амрикоии "Апач" дар амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистон наворгирӣ шудаанд. Ба ин навор гуфтугӯи ҳавонавардони украинӣ дар Донбас насб гардидааст, менависад CIT.

Филми мустанади Стоун, ки аз чаҳор бахш иборат аст, бар гуфтугӯҳо бо Путин асос ёфтааст. Ба сурати умум коргардон бо президенти Русия 20 соат мусоҳиба кард. Ин филм чанде пеш дар шабакаи телевизионии амрикоии Showtime ба намоиш даромад. Нахустнамоиши филм дар Русия 19 июн дар Шабакаи аввал баргузор шуд.

Оливер Стоун – коргардони саршиноси амрикоӣ, барандаи секаратаи ҷоизаи "Оскар" ҳамчунин дар бораи Фидел Кастро, Уго Чавес, Эво Моралес ва сиёсатмадорони дигар филмҳои мустанад ба навор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG