Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон созишномаҳои таҷдиди нерӯгоҳи Қайроқумро тасдиқ кард


Порлумони Тоҷикистон рӯзи 21-уми июн ду созишнома миёни ширкати "Барқи тоҷик" ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар бораи бозсозии нерӯгоҳи Қайроқумро, тасдиқ кард. Бар пояи ин созишномаҳо, дар марҳилаи аввал ин бонк барои бозсозии ду чархаи нерӯгоҳи Қайроқум ва таҳкими сарбанди он, 71 миллион доллар ҷудо мекунад. Баъд аз тармим, тавонии ин нерӯгоҳ 16 мегаватт зиёд мешавад.

Дар назар аст дар марҳилаи дувум ҳамин бонк 120 миллион доллари барои бозсозии ин нерӯгоҳ ҷудо намояд. Ҳоло барои ҷудо кардани маблағ барои бозсозии даври дувум, ҷонибҳо ба тафовуқ нарасидаанд ва музокирот идома дорад.

Ғолиб Убайдуллозода, муовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ки нерӯгоҳи Қайроқум осоли 1957 ба истифода дода шуда ва бештари таҷҳизоташ куҳна шуданд ва барои бозсозии пурраи он, дар маҷмӯъ 200 миллион доллар зарур аст. Дар сурати пурра бозсозӣ шудани ин нерӯгоҳ, тавоноиаш аз 126 мегаватти кунунӣ то 170 мегаватт ё 35 дарсад, афзоиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG