Пайвандҳои дастрасӣ

Шонси бозгашт ба Тоҷикистон барои зиндониҳои маҳбасҳои Чин


Рӯзи 19 июли имсол шартномаи табдили афроди маҳкумшуда дар қаламрави Чину Тоҷикистон ҳукми иҷро мегирад. Яке аз муҳимтарин қадамҳо дар ин самт - имзои протоколҳои дахлдори миёни сафири Тоҷикистон ва муовини вазири хориҷаи Чин буд, ки созишномаи се сол пеш имзошударо ниҳоӣ мекунад.

Рӯзи 19 июн протоколи дахлдор дар заминаи тасдиқи Шартномаи миёни Тоҷикистону Чини дар соли 2014 имзошуда баргузор шуд, ки ба мубодилаи афроди маҳкумшуда ба қаламрави ҳамдигар марбут мебошад. Ин созишнома 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, вале ҳукми иҷро нагирифта буд. Ин санадро рӯзи 19 июн сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Чин Лю Ҷэнмин имзо карданд.

АМИТ «Ховар» менависад, ки тибқи муқаррароти моддаи 20-и шартномаи мазкур, ин санад як моҳ баъд, яъне 19 июли соли 2017 эътибор пайдо мекунад. Бар асоси ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чин, ки дар хоки ҳамдигар барои содир кардани ҷиноят маҳкум шудаанд, метавонанд барои иҷрои ҳукм ба ватани худ интиқол ёбанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2015 гуфта буд, ки дар зиндонҳои Чин 16 шаҳрванди ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад. Моҳи маи он сол зимни суханронӣ дар парлумон додситони кулл Юсуф Раҳмон гуфта буд, ки аз миёни тоҷикистониҳои маҳкумшудаҳо ба зиндон дар Чин 7 нафарашон занон мебошанд. Аксари ин қазияҳо марбут ба қочоқи маводи мухаддир мебошад. Юсуф Раҳмон гуфта буд, ки чор нафар маҳкумшудаҳо, аз ҷумла як зан ба ҳукми қатл ва панҷ нафар ба ҳукми зиндони абад маҳкум шудаанд.

Дар ҳоле, ки барои ин 16 нафар шонси бозгашт ба Тоҷикистон ва дархости афв шудан пеш меояд, барои Ҳасан Юсуфови 51-сола Чин охирин макони ҳаёташ шуд. Январи соли 2016 ҷасади ин соҳибкор, ки барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба қатл шуд, аз Урумчӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Ӯву наздиконаш ба бегуноҳии Юсуфов пофишорӣ доштанд, вале додгоҳи Чин гуноҳи ӯро собитшуда унвон кард. Ҷадасаи Юсуфов дар Душанбе ба хок супурда шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG