Пайвандҳои дастрасӣ

Почтаи тоҷик: “Мо аз почтаҳои байналмилалӣ чӣ камӣ дорем?”


“Почтаи тоҷик”, ҳоло ягона ширкати хаткашонӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки хадамоти фаврии EMS-ро ба роҳ мондааст ва ин аз хадамоти почтаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла DHL ҳеҷ камӣ надорад. Саидалӣ Мирзоев, раиси ширкати “Почтаи тоҷик”, рӯзи 17-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “бо истифода аз ин хадамот муштариён имкон доранд, ба 192 давлати дунё хат ё муросилот фиристанд”.

Дар охири соли гузашта қонун “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” дар таҳрири нав ба иҷро даромада буд, ки тибқи он фаъолияти почта ё хаткашонӣ дар кишвар танҳо пас аз гирифтани “литсензия” иҷозат дода мешавад.

Мирзоев афзуд, ахиран ширкат ба хотири беҳтар кардани хидматрасонӣ ба муштариён, нуқтаҳои қабули нома ва муросилотро дар рӯзҳои истироҳатии шанбеву якшанбе низ фаъол нигоҳ медорад. “Муштариён дар ин рӯзҳо низ метавонанд аз хадамоти “Почтаи тоҷик” истифода кунанд, ки дар муқоиса ба ширкатҳои дигар 50 дар сад арзонтар аст”,- гуфт Саидалӣ Мирзоев.

Дар ширкати “Почтаи тоҷик” мегӯянд, тариқи хидматрасонии фаврӣ нома ва ё муросилотро то ба Русия ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар 5-6 рӯзи корӣ ва то ба кишварҳои Аврупо дар 10 рӯзи корӣ бурда мерасонанд.

Саидалӣ Мирзоев
Саидалӣ Мирзоев

Дар пайи қатъи фаъолияти ширкатҳои байналмиллалии хаткашонӣ дар Тоҷикистон аз сӯи Хадамоти алоқа, “Почтаи тоҷик” ягона ширкати хаткашонии фаъол дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз рӯзи 8-уми июн фаъолияти почтаи байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express-ро барои муддати номуайян дар ҳудуди кишвар мутаваққиф кард. Сабаби қатъи фаъолияти ин ширкатҳоро Хадамоти алоқа дар надоштани муҷаввизи фаъолият дар Тоҷикистон номид.

Дар охири соли гузашта қонун “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” дар таҳрири нав ба иҷро даромада буд, ки тибқи он фаъолияти почта ё хаткашонӣ дар кишвар танҳо пас аз гирифтани “литсензия” иҷозат дода мешавад.

То он замон фаъолияти почта дар кишвар бе муҷаввиз ва ё “литсензия” амалӣ карда мешуд. Ҳоло масъулияти додани муҷаввиз ба фаъолияти почтаҳо бар ӯҳдаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон вогузор шудааст. Ширкати давлатии “Почтаи тоҷик” низ тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Дар ҳоле ки “Почтаи тоҷик” аз омодагии худ барои қабулу интиқоли фаврии нома ва муросилоти мардум суҳбат мекунад, сокинону корхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ то ин дам асосан аз хадамоти ширкатҳое ба мисли DHL истифода мекарданд. Ҳоло бо таътил шудани кори ин ширкатҳо дар Тоҷикистон даҳҳо нафар аз сокинон шикоят доранд, ки нома ва аснодашон дар ними роҳ “гум шудааст” ва баъзеҳо мегӯянд, ин вазъ ҳатто барномаи кору зиндагӣ ва таҳсили онҳоро баҳам зад.

Аз як сӯ пайдо шудани технлогияҳои ҷадиде мисли интернет ва телефон зарурати мактуб навиштанро аз байн бурд ва аз сӯи дигар фаврияти ширкатҳои байналмилалӣ ҷойи ин ширкатро дар бозор то андозае танг карда буд.

Ширкати "Почтаи тоҷик" баъд аз паси сар кардани як даврони пуршӯр бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ шумори бисёре аз муштариёнашро аз даст дод. Аз як сӯ пайдо шудани технлогияҳои ҷадиде мисли интернет ва телефон зарурати мактуб навиштанро аз байн бурд ва аз сӯи дигар фаврияти ширкатҳои байналмилалӣ ҷойи ин ширкатро дар бозор то андозае танг карда буд.

Ҳатто нашрияҳои даврӣ аз Душанбе ба минтақаҳои дигари кишвар дар гузашта тариқи ҳавопаймо ё таксиҳо ва тавассути афроди алоҳида фиристода мешуданд. Ин вазъ буд, ки хабарнигорон ҳам дар фикри ташкили почтаи алоҳида шуданд, аммо ин тарҳ амалӣ нашуд.

Сокинон мегӯянд, аз як тараф кори суст ва аз тарафи дигар эҳтимоли кофтукоби муросилоташон онҳоро дар гузашта аз ин ширкат ба тарафи ширкатҳои дигар бурда буд ва ҳоло бозгашту эҷоди бовар кори чандон содда ва якрӯзу дурӯза нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG