Пайвандҳои дастрасӣ

“Не дар замин, не дар ҳаво”. Номаи муаллақи Рӯзимаҳмад дар DHL


Рӯзимаҳмад Латифзода

Даҳҳо муштарии почтаҳои байналмилалӣ, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон ба делали тақозои сабтиноми дубора мутаваққиф шудааст, аз сарнавишти бастаҳои муҳими худ нигаронанд ва аз ин хадамот замонат мехоҳанд.

Қатъи мувақатии фаъолияти почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ягона почтаи давлатӣ – "Почтаи тоҷик" чандон фаъол нест.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн фаъолияти почтаи байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express-ро барои муддати номуайян боздошт. Муштариёни ин ширкатҳо мегӯянд, бо гузашти беш аз даҳ рӯз аз нома ва бастаҳое, ки аз дохил ба хориҷ ваё аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон фиристодаанд, ҳеҷ хабаре нест.

“Баста шудани DHL ҳаётамро месӯзонад”

Рӯзимаҳмад Латифзода, сокини 21-солаи ноҳияи Мастчоҳ, як номаи сарнавиштсозро бояд рӯзи 9-уми июн аз Чин дарёфт мекард, вале бо қатъи фаъолияти ширкати DHL бастаи ӯ дар роҳ гум шудааст. Ӯ рӯзи 17-уми июн гуфт, агар ин мактубро дар рӯзҳои наздик дарёфт накунад, чаҳор соли ҳаёташ “месӯзад”. Рӯзимаҳмад дар соли чаҳоруми Донишгоҳи тиҷорат ва иқтисодии шаҳри Толяттии Русия таҳсил мекард, вале орзу дошт, ки таҳсилро дар яке аз донишгоҳҳои Чин идома диҳад. Чанд моҳ пеш ба ӯ хабар доданд, ки ба Донишгоҳи маъруфи шаҳри Фуҷиани Чин ҳамчун донишҷӯ пазируфта шудааст.

"Бароям таҳсил дар Русия писанд набуд. Таҳсил дар Донишгоҳи Фуҷиан орзуям буд. Вақте гуфтанд, ки ба сифати донишҷӯ қабул шудаӣ, таҳсил дар донишгоҳи Толяттиро тарк кардам. Ҳуҷҷатҳое, ки аз ин донишгоҳ бароям фиристодаанд ва дар асоси онҳо бояд фавран виза гирифта ба Чин равам, ғайб задаанд. Санадҳои ман аз почтаи чинӣ ба DHL супурда шуданд ва хабар ёфтам, ки аз Чин берун шудааст. Лекин якбора бастаи ҳуҷҷатҳо гум шуд. Чаҳор соли ҳаётам месӯзад, агар дар ду-се рӯзи дигар ҳуҷҷатҳо ба дастам нарасанд. Таҳсилам дар Русия барбод меравад",-гуфт ӯ.

Рӯзимаҳмад мегӯяд, ин санадҳо сарнавишт ва кору таҳсилашро дар оянда маълум мекунад. Ӯ гуфт, "ҳар рӯз ба DHL занг мезанам, меравам. Ягон ваъда намедиҳанд, намедонанд, ки ҳуҷҷатҳо дар куҷост. Ин ширкат бояд роҳи ҳаллашро пайдо кунад. Ба Донишгоҳи Чин тамос гирифтам, гуфтанд, ки дубора наметавонанд ҳуҷҷат фиристанд. Аз гум шудани ҳуҷҷатҳо зарари ҷуброннопазир мебинам. Афсӯс!"

"Вақте роҳи номарасонҳо баста аст, чӣ кор кунем?"

Мақомот ба дари намояндагии DHL дар Душанбе муҳр задаанд
Мақомот ба дари намояндагии DHL дар Душанбе муҳр задаанд

Рӯзимаҳмад танҳо нафаре нест, ки пас аз баста шудани намояндагиҳои почтаҳои байналмилалӣ кораш ба мушкил печидааст. Ихтиёр Усмонов, корсози як созмони байналмилалӣ, мақараш дар Испания, ки дар самти офатҳои табиӣ кор мебарад, дар як сӯҳбати катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ роҳе барои ирсоли чанд ҳуҷҷати муҳим ба Тоҷикистон пайдо накарда ва маҷбур шуд, тариқи дӯстонаш номаҳоро фиристад.

Ӯ гуфт, почтаҳои байналмиллаӣ Тоҷикистонро аз рӯйхат берун кардаанд ва дигар мактуби корафтодагонро намегиранд. Ихтиёр мегӯяд, Тоҷикистон пеш аз қатъи фаъолияти ин ширкатҳо бояд як роҳи алтернативӣ барои шаҳрвандонаш пайдо мекард, то сокинони оддӣ ба мушкил дучор намешуданд.

Санадҳои ман аз почтаи чинӣ ба DHL супурда шуданд ва хабар ёфтам, ки аз Чин берун шудааст. Лекин якбора бастаи ҳуҷҷатҳо гум шуд. Чаҳор соли ҳаётам месӯзад, агар дар ду-се рӯзи дигар ҳуҷҷатҳо ба дастам нарасанд.

Хадамоти алоқа: “Иҷозатнома гиранд, кор кунанд”

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти ин ширкатҳо ба хотири надоштани иҷозатномаи фаъолият муваққатан баста шудааст. Як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳи феврал қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳатмӣ шудани иҷозатномаи фаъолият ба почтаҳои хориҷӣ содир шуд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ин ширкатҳо пеш аз пеш огоҳ буданд, вале то замони қатъи фаъолияташон барои гирифтани иҷозатнома иқдом накарданд.

"Ҳоло муроҷиат кардаанд ва ҳуҷҷатҳои онҳо омӯхта мешавад, вале мо дақиқ гуфта наметавонем, ки кай ба онҳо иҷозатнома дода мешавад. Ин ба худи почтаҳо вобаста аст, ки ҳуҷҷатҳои заруриро омода мекунанд", -гуфт манбаъ.

Дэниел МакГрес, сухангӯи ширкати DHL дар сӯҳбати катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз мушкили пешомада хабар доранд ва барои дубора фаъол кардани намояндагии худ бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Ин масъули DHL ба суолҳои бештари Радиои Озодӣ дар бораи сарнавишти мактубҳо посух надод ва ҳам нагуфт, ки оё ин ширкат ба муштариёнаш ҷуброн мепардозад, ё на.

DHL як ширкати олмонист, ки ба ирсоли ҳуҷҷатҳо ба тамоми кишварҳои дунё машғул аст.

Қатъи мувақатии фаъолияти почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ягона почтаи давлатӣ – "Почтаи тоҷик" чандон фаъол нест. Муштариён мегӯянд, суръати номабарии почтаи тоҷик суст аст ва мактубҳои фавриро ҳоло намешавад тариқи он фиристод.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG