Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латту кӯб ва ғорати $ 60000-и як сарроф дар Исфара


Мақомоти пулиси Суғд се сокини ноҳияи Исфараро бо гумони латту кӯби шадиди сарроф Нурулло Музаффаров ва ғорати беш аз 60 ҳазор доллари ӯ боздошт карданд. Муҳсин Юсуфов, масъули бахши матбуоти Идораи умури дохилии Суғд, рӯзи 17-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, якеи гумонбарон сокини ҷамоати Чоркӯҳ ва дуи дигар аз ҷамоати Навгилеми Исфара буда, дар бозор савдо мекарданд.

Юсуфов мегӯяд, зоҳиран гумонбарон аз кору пули сарроф Музаффаров хабар доштанд ва ҳамлаашон низ ҳамоҳангшуда буд. “Онҳо шаби 8 ба 9-уми апрели имсол дар сар ниқоб ба манзили корманди нуқтаи ивази асъор Нурулло Музаффаров ворид шуда ва аз ҳуҷраи хоби ӯ беш аз 10 ҳазор доллар, 2 миллион рубл ва 150 ҳазор сомонӣ (дар маҷмуъ 60 ҳазор доллар)-ро тасарруф намуданд. Вақте ки Музаффарову ҳамсараш аз хоб бедор шуданд, онҳоро шадидан латту кӯб карда, аз ҷойи ҳодиса фирор намуданд”, - гуфт ӯ.

Додгоҳ Абдулло Эшонқулов – сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки соли 2012 саррофи маҳаллаашон Олимҷон Мирҳалимовро бо чанд зарби корд ба қатл расонда, пас аз он дар Русия паноҳ бурда буд, ба зиндон фиристод.

Ин масъули дафтари матбуоти Идораи умури дохилии Суғд гуфт, баъдан гумонбарон ашёи оҳаниеро, ки дар зарбу лати саррофу ҳамсараш истифода кардаанд, ба об партофта, пулро миёни ҳам тақсим кардаанд. Зану шавҳар Музаффаровҳо бо дасти шикаставу сари зарбхӯрда дар бемористони шаҳри Исфара табобат гирифтаанд.

Мақомоти пулис ному насаби се нафари дастгиршударо ба далели идомаи тафтишот ошкор накарда, фақат гуфтанд, ки онҳо аз 20 то 35 сол доранд. Алайҳи онҳо мутобиқи бандҳои "дуздӣ" ва "роҳзанӣ" парванда боз шуда, тафтишро пулис пеш мебарад.

То ҳол наздикону вакилони дифои ин се нафар дар бораи ҳодиса изҳори назар накарданд.

Солҳои ахир чандин ҳодисаи пурсарусадои ғорати сокинони "пулдор" дар вилояти Суғд рух дода, омилони он дастгир ва муҷозот шудаанд. Моҳи июни соли 2013 як гурӯҳ, ки баъдан маълум шуд аъзои як хонавода будаанд, нимашаб ба қасди ғорат ба хонаи тиллофурӯш Аҳмадхӯҷа Бобоев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид гардида, ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбекро куштанд ва хонаашонро оташ заданд.

Ин ҷиноят боис ба сарусадоҳо дар байни мардум гардид ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ба мақомоти пулис дастур дод, ки ба ҳар қимате омилони ин ҷиноятро муайян ва дастгир кунанд. Кормандони пулис баъд аз ду соли ҳодиса, оилаи Раҳматовҳо – сокинони шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд. Баъдан ин ҳафт нафар барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Инчунин, мақомоти пулис соли гузашта баъд аз панҷ соли ҷустуҷӯ омили қатли як сарроф дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро боздошт карданд. Додгоҳ Абдулло Эшонқулов – сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки соли 2012 саррофи маҳаллаашон Олимҷон Мирҳалимовро бо чанд зарби корд ба қатл расонда, пас аз он дар Русия паноҳ бурда буд, ба зиндон фиристод. Ба гуфтаи пулис, ӯ аз ҷайби саррофи ба қатл расондааш танҳо 54 сомонӣ пайдо карда буд.

XS
SM
MD
LG