Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар Лондон ба 30 нафар расид


Сӯхтор дар бинои баландошёнаи Лондон
Сӯхтор дар бинои баландошёнаи Лондон

Пулис мегӯяд, ки дар пайи амалиёти ҷустуҷӯии се рӯзи ахир теъдоди қурбониёни сӯхтор дар Grenfell Tower - бинои истиқоматии баландошёна дар Лондон ба 30 нафар расид.

Фармондеҳи пулиси пойтахти Бритониё Стюарт Кунди маълумоти навро рӯзи 16-уми июн эълон кард ва гуфт, ки эҳтимол ин рақам бештар шавад. Ӯ гуфт, ҳоло 24 нафар дар бемористон аст, ки вазъи 12 нафари онҳо бӯҳронӣ арзёбӣ мешавад.

Пулис дар заминаи сӯхтори рӯзи 14-уми июн парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

"Мо макони аслии сӯхтор, ҷоеро, ки оташ аз онҷо сар зад, санҷидем. То ҳол ҳеҷ аломате вуҷуд надорад, ки сӯхтор барқасдона сар задааст", - гуфт фармондеҳи пулиси Лондон.

Ӯ дар посух ба суоли теъдоди ҳалокшудаҳо гуфт, умедвор аст, ки ин рақам се баробар нашавад. Кунди, инчунин, гуфт, "ин хатар низ вуҷуд дорад, ки мутаассифона натавонем ҳуввияти ҳамаи қурбониҳоро шиносоӣ кунем."

XS
SM
MD
LG