Пайвандҳои дастрасӣ

Камиссиюни Аврупо кишварҳои безор аз паноҳандагонро муҷозот мекунад


Паноҳандагон дар кампи ғайриқонунии Шветсия

Камиссиюни Аврупо рӯзи 13-уми июн гуфт, иқдомоти ҳуқуқиро алайҳи Ҷумҳурии Чех, Маҷористон ва Лаҳистон оғоз мекунад, ки аз иҷрои масъулияти худ дар баробари қабули теъдоди муайяни паноҳандагон сарпечӣ мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо соли 2016 тааҳуд кард, ки 160 ҳазор паноҳанда, асосан аз Италия ва Юнонро дар байни кишварҳои узв тақсим мекунад. Ин иқдоми маҷбурӣ ба мухолифати шадиди якчанд кишвари Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ рӯ ба рӯ шуд.

Лаҳистон ва Маҷористон то ҳол ягон паноҳандаро қабул накарданд. Ҷумҳурии Чех танҳо 12 нафарро пазируфт, аммо аввали сол эълон кард, ки аз ин тарҳ бинобар нигарониҳои амниятӣ хориҷ мешавад.

Тарҳи қабули паноҳандагон дар байни аҳолии ин се кишвар хеле нохушоянд аст.

Комиссионери Иттиҳоди Аврупо дар умури муҳоҷират Димитрис Аврамопоулос дар нишасти матбуотии Страсбург гуфт, ки Камиссиюн алайҳи ин се кишвар аз чораҳои қонунӣ кор мегирад ва онҳоро дар заминаи сарпечӣ аз масъулият ба чолиш мекашад. Ин раванд то расидан ба таҳримҳои молӣ баҳсҳои чандмоҳаи ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Видеоҳои охирин

"Ситораи Кремл" то куҷо дурахшид
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:05:19 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG