Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати сиёсии Макрон даъвои аксари кулли курсиҳои порлумонро дорад


Раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон
Раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон

Ҳаракати сиёсии президенти Фаронса Эммануэл Макрон - "Ба пеш, ҷумҳурӣ" - дар интихоботи порлумонӣ мумкин аст, аксарияти кулли курсиҳои порлумонӣ - бештар аз 400 курсӣ аз 577 курсиро соҳиб шавад.

Ҷомеашиносон баъди даври аввали раъйдиҳӣ, ки рӯзи якшанбе доир шуд, ба чунин натиҷа расидаанд. Дар маҷмуъ дар саросари кишвар номзадҳои ҳаракати Макрон ва ҳампаймононаш бештар аз 32 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуданд. Ин нишондод қариб ду баробар бештар аз рақиби аслии ҳаракат - ҳизби ростгарои "Ҷумҳурихоҳон" - аст.

Дар Фаронса интихобот на аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ, балки тибқи низоми аксарият ё мажоритарӣ сурат мегирад. Дар даври дувум номзадҳои ҳаракати "Ба пеш, ҷумҳурӣ" дар бештар аз 400 ҳавза раъйи бештар гирифтанд ва ба назари нозирон, аксари онҳо пирӯз хоҳанд шуд. Эҳтимол меравад, "Ҷумҳурихоҳон" дувумин эътилофи бузургро таъсис диҳанд. "Фронти миллӣ" бо касби ҳамагӣ 14 дарсади раъй шикаст хӯрд, аммо роҳбари ин ҳизб Марин Ле Пен шонси пирӯз шудан дар яке аз ҳавзаҳоро дорад. Сотсиалистҳо, ки дар порлумони гузашта аксари курсиҳоро дар ихтиёр доштанд, ин бор ноком шуданд. Онҳо низ, мисли ҳаракати "Фаронсаи мағлубнашаванда" имкон доранд, ки шумори ками номзадҳояшонро вориди порлумон кунанд.

Ҳузури интихоботкунандагон дар даври аввал ба поёнтарин сатҳи рекордӣ расидааст - ҳамагӣ 50 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд. Даври дувум 18 июн дар назар аст.

XS
SM
MD
LG