Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷии дучархасаворро аз нимароҳ баргардонданд


Марзбонони туркман як муйсафеди узбак аз вилояти Намангони Узбакистонро, ки савори дучарха қасди зиёрати ҳаҷро дошт, аз роҳ баргардониданд. Ҳусан Ҳоҷибоеви 75-сола дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, савори дучарха то марзи Узбакистону Туркманистон расид, аммо ба далели надоштани визаи Туркманистон, марзбонони туркман ӯро ба кишварашон роҳ надодаанд.

Мӯйсафед давоми 7 рӯз дар маҷмуъ 1150 километрро тай карда, то марзи Туркманистон расид. "Марзбонон гуфтанд, ки аз барои савоб маро ба кишварашон роҳ хоҳанд дод, аммо ҳангоми хуруҷ аз Туркманистон марзбонони дигар боздошт карда, ба Узбакистон бармегардонанд. Аз ҳамин рӯ ман бояд ба манзилам баргардам", - гуфт Ҳоҷибоев.

Ин мард рӯзи 2 июн савори дучарха озими ҳаҷ шуд. Он замон вай гуфта буд, ки ният дорад, шаби 7 ё субҳи 8 июн ба марзи Туркманистон расад. Вай бовар дошт, ки марзбонони Туркманистону Эрону Арабистон монеи роҳи ӯ намешаванд.

Ҳусан Ҳоҷибоев моҳи сентябри соли 2016 ба қасди зиёрати қабри президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов, бо дучарха аз Намангон то Самарқанд рафта буд. Ин мӯйсафед дар роҳи рафту баргашт наздики 500 километрро тай кард. Корбарони Фейсбук сафари ӯро ба "ҳаҷҷи хурд" баробар дониста, барояш дучархаи нав ҳадя карданд.

XS
SM
MD
LG