Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як шаҳрванди Қирғизистонро бо иттиҳоми “нашъаҷаллобӣ” дастгир кардаанд.

Вазорат рӯзи 11-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки Шавкатҷон Отаҷонови 43-сола ва сокини ноҳияи Лайлак ҳамроҳ бо Назар Султонзода, як шаҳрванди кишвар ҳангоми амалиёти маъмурони милиса дастгир шуданд ва аз ҳардуи онҳо ба миқдори 42.941 килограм ҳашиш ва ҳероин мусодира шуд.

Вазорат мегӯяд, амалиёт рӯзи 9-уми май сурат гирифт ва маълум нест, чаро хабарро пас аз тақрибан як моҳ нашр мекунанд. Ба зидди ҳарду парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG