Пайвандҳои дастрасӣ

Дари Иттиҳодияи Аврупоро ба рӯи Украина боз карданд


Ukraine – Sign 'Have a nice trip" in Hrushiv-Budomezh checkpoint on the border with Ukraine and Poland some 60kms from city of Lviv. Hrushiv, May 31, 2017

Рӯзи 11-уми июн шаҳрвандони Украина ҳақ пайдо карданд, бе раводид ба қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сафар кунанд. Рӯйдоде, ки Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина “худоҳофизии охирин” бо Императории Русия номид. Мақомоти марзбонии Украина мегӯянд, ки мумкин аст, равуои мусофирон дар марз бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо 30 дар сад зиёд шавад.

Шаҳрвандони Украина, ки шиносномаи биометрӣ доранд, метавонанд, бе раводид ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сафар кунанд ва барои 90 рӯз бимонанд. Бритониё ва Ирландия истисно ҳастанд ва виза талаб мекунанд. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 10-уми июн гуфт, ки бовар дорад, баъд аз ин кишвараш узви НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо мешавад ва “чизе ва касе ва ҳеҷ гоҳ пеши роҳи моро намегирад”.

Ҳюҷес Мингарелли, фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо дар Украина ҳам гуфт, ки акнун мардуми Украина метавонанд, ба 33 кишвари Аврупои Ғарбӣ бидуни раводид сафар кунанд. Ба гуфтаи ӯ, низоми бидуни раводид “нахустин қадам” дар роҳи тақвияти ҳамкориҳо байни Иттиҳодияи Аврупо ва Украина аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG