Тибқи натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумонӣ дар Бритониё, ҳизби муҳофизакор ба раҳбарии Тереза Мей, пешсаф аст. Бо ин ҳол пешбинӣ мешавад, ин ҳизб натавонад аксарияти мутлақи курсиҳои порлумонро аз они худ кунад. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз" натиҷаҳои ин раъйгирӣ метавонад музокироти хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупоро ба таъхир биандозад.
Тереза Мей, нахуствазири Бритониё ҳудуди ду моҳ пеш аз баргузории ин интихоботи зудҳангом хабар дод ва гуфт, ки мехоҳад як ҳукумати қавӣ музокирот бо Иттиҳодияи Аврупоро анҷом диҳад. Як ҳизб дар порлумони Бритониё барои касби аксарият ба 326 курсӣ ниёз дорад. Назарсанҷиҳо аввалия нишонгари он аст, ки Ҳизби муҳофизакор бо аз даст додани 17 курсӣ, 318 курсиро аз они худ кунад. Шумориши оро нишон медиҳад Ҳизби коргар рақиби аслии ҳизби хонум Мей, 268 курсиро аз они кунад.