Палатаи намояндагони Конгресси ИМА хостори муҷозоти кормандони хадамоти амниятии президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон шуд, ки моҳи гузашта ба тазоҳуркунандагон дар Вашингтон ҳамла карданд.
Қароре, ки бо ҷонибдории 397 узви Палатаи намояндагон қабул шуд, лаҳни шадид дошт ва дар он ҳамлаи 16 май ба эътирозгарони осоишта дар назди қароргоҳи сафири Туркия, ки 11 нафар бар асари он маҷрӯҳ шуданд, “бераҳмона” унвон гирифт.
“Чанд корманди хадамоти амнияти Туркия тазоҳуркунандагони бесилоҳро заданд, лагадкӯб карданд. Ҳама гуна афроди мансабдори ин хадамот, ки ин аъмолро роҳнамоӣ ва назорат карданд ё бевосита дар он ширкат намуданд, бояд тибқи қонунҳои Иёлоти Муттаҳида ҷазо бигиранд,” – гуфта мешавад дар қарор.
Айни ин тарҳ дар Сенати ИМА низ омода мешавад, вале рушан нест, ки дар ин замина касе боздошт мешавад ё хайр. Муҳофизони Эрдуғон, ки масъули ин ҳамла дониста мешаванд, ба Туркия баргаштаанд.
Пулиси Вашингтон ва мақомоти дигари ИМА кормандони хадамоти амнияти Эрдуғонро ба ин айбдор карданд, ки гуруҳи начандон бузурги тазоҳуркунандагони курдро зери мушту лагад гирифтаанд. Ҳамчунин видеое нашр шуда буд, ки бино бар он худи Эрдуғон низ аз амалкарди муҳофизонаш огоҳ буд ва онро тамошо мекард.