Пайвандҳои дастрасӣ

Қиссаи генерали финландӣ ва духтари бадахшонӣ. ВИДЕО


Ярмо Лоиканнен, набераи генерал Кивекэс

Низомии малламӯе дар аксҳои сиёҳу сафед, манзараҳои Бадахшон, духтари тоҷики мӯйдароз, саҳнаҳо аз кадом як хиёбони аврупоӣ – зиндагиномаи як генерали финландист, ки барои сокинони Бадахшони Тоҷикистон корнамоиҳо кардааст. Ахиран дар Душанбе дар як маҳфил ва намоишгоҳе аз Эдуард Карлович Кивекэс ёд карданд, ки ҳанӯз охири солҳои 1890 дар ҳайати артиши Русияи подшоҳӣ ба вилояти Бадахшон роҳ ёфта ва дар тамоми муддати кору зиндагиаш дар фикри ободии ин макон буд.

Аз Кобул барои бурдани вай омаданд. Модари Гулбегим аз Кивекэс кумак хост. Генерал Кивекэс ба ин натиҷа расид, ки агар Гулбегимро духтархонд гирад, касе ӯро бурда наметавонад

Ин генерал, ки соли гузашта 150-солагиашро таҷлил карданд, соли 1893 дар ҳайати артиши рус ба Помир омада, мардуми ин минтақаро, тавре муҳаққиқони зиндагиномаи ӯ нигоштаанд, аз зулми афғонҳо ва бедодгарии мансабдорони аморати Бухоро ҳимоят кард.

Ярмо Лоиканнен, набераи генерал Кивекэс, ки барои иштирок дар намоишгоҳи аксҳои бобокалонаш ба Душанбе омадааст, рӯзи 6-уми июн гуфт, хонаводаи онҳо таърихчаи беназири бобояшонро арҷ мегузоранд ва аз Тоҷикистон ҳам миннатдоранд, ки заҳматҳои ӯро қадр мекунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Лоиканнен бо такя ба хотираҳои бобояш гуфт, “ман инҷо қудрати бемаҳдуд дорам, вале намехоҳам онро ба гунаи нодуруст истифода кунам. Мардуми тоҷик ба ман эътимод карданд ва ман онҳоро дӯст медорам. Ӯ аз мардуми оддӣ дар баробари қонунҳои нодурусти мақомоти Бухоро ҳимоят мекард.”

Генерал Кивекэс 9 соли ҳаёти худро дар минтақаи куҳистони Помир гузаронда, дар навиштаҳои худ аз ин мардум ба некӣ ёд кардааст. Ярмо Лоиканнен мегӯяд, дар давраи Ҷанги дувуми ҷаҳон бойгони Кивекэс ба оташ рафт ва чизи зиёде аз вай боқӣ намонд. Дар ончӣ аз вай боқӣ мондааст, мардуми меҳнаткаш қаламдод шуда, аз соҳибҷамолии занон ҳам ёд шудааст. Инчунин, вай навиштааст, ки онҳо мардуми росткор ҳастанд.

Лаҳзае аз сӯҳбати Сайф Сафар бо Ярмо Лоиканнен
Лаҳзае аз сӯҳбати Сайф Сафар бо Ярмо Лоиканнен

Чизи дигаре, ки намегузорад ин генерал аз хотираҳои мардум фаромӯш шавад, духтархонд гирифтани Гулбегим аст. Духтари шашсолаи бадахшӣ, ки дар пайи поён ёфтани кори Кивекэс дар Помир бо вай ба Финландия рафт ва муқими онҷо шуд. Ярмо Лоиканнен гуфт, "Гулбегим шахси бисёр хуб буд. Ман ӯро панҷоҳ сол мешинохтам. Вай як зани доно, меҳрубон ва дӯстдоштанӣ буд. Барои фарзандони ман ҳам як модарбузурги хуб буд. Як сабаб ин аст, ки падари вай даргузашта буд. Аз Кобул нафароне барои бурдани вай омаданд. Модари Гулбегим аз Кивекэс кумак хост. Генерал Кивекэс ба ин натиҷа расид, ки агар Гулбегимро духтархонд гирад, касе ӯро бурда наметавонад."

Набераи Гулбегим мегӯяд, шояд дар солҳои аввали зиндагӣ дар Аврупои дур барои Гулбегим осон набуд, аммо ба шарофати боҳушиаш забон ва тарзи зиндагӣ дар Финландияро хуб ёд гирифт. Ин духтари тоҷик дар ибтидо дар риштаи мусиқӣ таҳсил карда, баъдан ба далели беморӣ аз мусиқӣ даст кашид. Вай баъдан забонҳои фаронсавӣ ва русиро ёд гирифта, дар Вазорати умури хориҷии Финландия ҳам кор кард. Ба гуфтаи Ярмо, баъд аз хатми кор дар вазорат ӯ бознишаста шуд.

Маркази шаҳри Хоруғ
Маркази шаҳри Хоруғ

Эдуард Карлович Кивекэс ҳарчанд як марди низомӣ буд, ба корҳои фаротар аз вазифаи худ даст мезад. Ҳатто Кивекэс ба унвони асосгузори шаҳри Хоруғ ҳам ёд мешавад.

Айдибек Бекмуродӣ, муассиси “Бунёди Кивекэс” дар шаҳри Хоруғ, мегӯяд, "ин генерал канал сохт, дарахт шинонд, ки ҳоло ҳам дар Чорбоғи Хоруғ ҳастанд. Ду тарафи Хоруғро бо пуле ба ҳам пайваст намуд. Якумин мактабе, ки баъд аз рафтани вай бо тарҳи Квикэс сохта шуд, “русиву маҳаллӣ” (Руская туземская школа) ном дошт. Барои ҳамин мо гуфта метавонем, ки Кивекэс на танҳо корҳои ҳарбӣ кардааст. Вай корҳои дигарро кард, ки ба мардум ҳаматараф фоида оварданд.”

Ба қавли муҳаққиқи тоҷик, мероси Кивекэсро дар Бадахшони Тоҷикистон мешавад ингуна натиҷагирӣ кард, ки дар фикри таъмини амнияти мардум буд, ба шарофати корҳояш ба сокинони ин минтақаи кӯҳӣ боварӣ ва муҳаббат ба зиндагиро баргардонд. Ниҳоят, ба гуфтаи ӯ, аз роҳи барқарор кардани ҳаққи мардум ба замин онҳоро роҳи парвариши меваву маҳсулот ва фурӯхта даромад ба даст оварданро аз ин кор омӯзиш дод.

Ярмо Лоиканнен (аз тарафи чап)
Ярмо Лоиканнен (аз тарафи чап)

Муҳаққиқони мероси генерали финландӣ мегӯяд, ҳарчанд роҷеъ ба корномаҳои Кивекэс як филми мустанад бардошта шуда, кӯчае дар Хоруғ номи ӯро гирифтаанд, ҳамоно барои омӯзиши мероси таърихии ӯ ва шиносоии ин шахс барои наслҳои имрӯза кори каме анҷом шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG