Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.А: "Дар Арабистон азоби дӯзахро мекашам"


А.С
А.С

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки мегӯяд, дар Арабистони Саудӣ дар хонаи кордиҳандааш азобу шиканҷа шудааст, мунтазири кӯмаки мақомот аст, ки ӯро ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон баргардонанд.

А.А, зодаи ноҳияи Шуғнони Бадахшон, бештар аз як моҳ аст, дар қароргоҳи як оҷонсии кор нигаҳ дошта мешавад ва дипломатҳои тоҷик барои ҳалли масъала чанд бор бо ӯ сӯҳбат кардаанд.

А.А, ки аз шаҳри Риёз бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, рӯзҳоеро дар хонаи як сокини Риёз пушти сар кардааст, ки “Худо ба касе нишон надиҳад.”

Ба рӯи ман электрошок монданд, маро мисли ҳайвон азоб доданд.

Шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон соли гузашта ба Арабистони Саудӣ барои кор рафтааст ва мегӯяд, аз коре, ки кард, пушаймон шудааст. Ӯ мегӯяд, азбаски бар хилофи қарордод дар хонаи кордиҳанда, кори зиёде мефармуданд, хост, корро бас кунад ва баргардад. Аммо соҳибхона ба хашм омада ва аз ӯ талаб кардааст, ки 2 ҳазор доллареро, ки оҷонси кордиҳанда барои ба кор гирифтани ӯ пардохтааст, баргардонад:

“Ба рӯи ман электрошок монданд, маро мисли ҳайвон азоб доданд. Мисли ҳайвон ва боз штраф талаб мекунанд. Як бари рӯям варам буд, гарданам ҳамаи ҷоям пайи электрошок дошт.”

Дар аксҳое, ки А.А ба Радиои Озодӣ фиристод, осори латукӯб ва ҳам доғҳои сиёҳ дар рӯи ӯ ва баданаш дида мешавад. А.А мегӯяд, баъди азоби зиёд кашидан аз дасти соҳибхоназан ба пулиси Арабистони Саудӣ шикоят кардааст ва азбаски нишониашро намедонист, онҳо аз тариқи мушаххас кардани ҷойи телефонаш ӯро пайдо карда ва ба идораи пулис бурдаанд.

“Ман 30 бор ба пулис занг задам, як бор гирифтанд ва ба онҳо гуфтам, ягон каса биёред, ки бо забони англисӣ гап занад, биёед илтимос маро аз ин зан халос кунед. Онҳо гуфтанд, ки мо ҳолo меоем, баъди як соат 4 мошини пулис омад ва маро аз дасти ҳамон зан халос карданд.”

А.А гуфт, аз тариқи хешовандонаш ба вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва додситонӣ ҳам муроҷиат кардааст, ки ба қазияи ӯ расидагӣ кунанд ва қарор буд, рӯзи сӯҳбат консули Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ барои мулоқот ва ҳалли масъала ба назди ӯ биёяд.

Пули ночиз дар ивази кори тоқатфарсо

Радиои Озодӣ дархостеро барои шарҳи қазия ба сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ фиристод ва мунтазири посухи расмии онҳост. Ба гуфтаи А.А, иртибот бо гирифтан бо хонаводае, ки ӯ онҷо кор мекард, имкон надорад.

Ба гуфтаи А.А, дар Арабистони Саудӣ ба ғайр аз ӯ занони дигари тоҷик ҳам ҳастанд, ки ба ҳайси хидматгор кор мекунанд, вале теъдоди дақиқи онҳо маълум нест. Ба гуфтаи ӯ музди кор ва ё 1500 риёле, ки ба онҳо медиҳанд, пули зиёде нест ва коре, ки дар хонаҳо барои онҳо мефармоянд, бар хилофи қарордод ва бисёр зиёд аст.

“Инҳо бечораҳоро мефиристанд ва мегӯянд, ки фақат барои покиза кардан, лекин Арабистони Саудӣ виллаҳои калон дорад, инҳо мардуми боянд. Оилаҳояшон ҳам калон аст, ҳама корро ба сари шумо мепартоянд, шумо ҳам кӯдакбон мешавед, ҳам хидматгор ва ҳам ошпаз. Ҳама корро худат мекунӣ, ин як азоби дӯзах аст.” – мегӯяд, ӯ.

Гузоришҳо дар бораи бадрафторӣ бо хидматгорон дар Арабистони Саудӣ бисёр зиёд аст ва бахусус бадрафторӣ бо хидматгорон аз Ҳинду Филлиппин ва Бангладеш, ки мардумаш ба инҷо барои кор меоянд. Аммо бори аввал аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон, ба далели бадрафторӣ бо ӯ ба мақомоти пулиси Арабистони Саудӣ ва дипломатҳои тоҷик муроҷиат мекунад.

Яке аз афроди огоҳ аз низоми фиристодани занони тоҷик ба муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои арабӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ масъалаи бадрафторӣ бо хидматгорон дар кишварҳои арабӣ вуҷуд дорад, вале кордиҳанда бояд дар ҷое, ки коргар мефиристад, намоянда дошта бошад, то аз вазъи коргар хабар бигирад. Ҳолате, ки ба гуфтаи А.А дар қазияи ӯ дида нашудааст. Ӯ мегӯяд, бисёре аз занони тоҷик омодаи кор дар Арабистони Саудӣ нестанд ва пеш аз онки ба инҷо биёянд бояд хуб фикр кунанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон айни замон ба таҳқиқи фаъолияти ду муассисае аз ҷумла ширкати "Абдукарим" машғул будаанд, ки тоҷиконро ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷ, аз ҷумла кишварҳои арабӣ мефиристанд.

XS
SM
MD
LG