Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти озодсозии Раққа шурӯъ шуд


Талол Сило
Талол Сило

Эътилофи шӯришиён бо пуштибонии ИМА амалиёти наҷоти шаҳри Раққаи Сурияро аз дасти ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки ба истилоҳ нақши пойтахти ин гурӯҳи худхондаро бозӣ мекард, ба роҳ монданд. Талол Сило, сухангӯи ҷабҳаи демократии Сурия рӯзи 6 июн ба журналистон гуфт, “Имрӯз муборизаи азим барои озодсозии Раққа шурӯъ мешавад”.

Созмони бритониёии Нозирони суриягӣ барои ҳуқуқи башар гуфт, ки Ҷабҳаи демократии Сурия, ки аз эътилофи курдҳову арабҳои Сурия иборат аст, гуфт, озодсозии шаҳр аз ҷангҳои шадиде дар канораҳои шарқиву шимолии Раққа оғоз шуд. Эътилофи ба раҳбарии ИМА гуфтааст, ки мубориза барои Раққа “душвор ва тӯлонӣ” хоҳад буд, вале мусалламан, “зарбаи шадиде” болои ҷангиён хоҳад зад. Мақомоти эътилоф тахмин задаанд, ки дар дохили Раққа аз 3 то 4 ҳазор ҷангии марбут ба “Давлати исломӣ” боқӣ мемонад.

Ин хабарҳо дар ҳоле пахш мешавад, ки нирӯҳои ҳукуматии Ироқ бо пуштибонии ИМА барои пурра озод кардани Мосул, охирин пойгоҳи ҷангиён наздик мешаванд. Ҷангиёни “Давлати исломӣ” соли 2014 қаламравҳои густурдаро дар Сурияву Ироқ ишғол карда буданд.

XS
SM
MD
LG