Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби ҷазо барои қотили донишҷӯи тошкандӣ


Сокинони Тошканд иқдоми сартосарии ҷамъоварии имзоро зери аризаи "Муҷозоти гунаҳкорони марги Иброҳимов Жасурбек" бо барчаспи #АдолатбаЖасур дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ карданд. Донишҷӯи соли дувуми Коллеҷи тиббии шаҳри Тошканди Узбакистон 3 майи соли 2017 шадидан латту кӯб шуд ва баъди як моҳи бистари шудану чанд ҷарроҳӣ фавтид.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ номаи модари Жасур нашр шудааст, ки вай дар ин нома мегӯяд, номи қотилони эҳтимолии писараш ба ҳама маълум аст, аммо то кунун касеро ба ҷавобгарӣ ҷалб накардаанд. Ба гуфтаи модари Жасур, роҳбарият ва кормандони коллеҷи тиббӣ, ки писари вай он ҷо таҳсил мекард, ҷинояткорони ҷавонро пинҳон медоранд.

Муфаттишон дар робита ба латту кӯб шудани Жасур танҳо 31 май парванда кушоданд. 4 июн садҳо сокини Тошканд ба кӯча баромада, аз мақомот ба ҷавобгарӣ ҷалб шудани гунаҳкоронро талаб карданд. Танҳо 5 июн бозпурсии гумонбарон - донишҷӯёни соли дувуми коллеҷи тиббӣ Улмас, Тимур ва Бегзода, инчунин ду донишҷӯи соли севуми ҳамин коллеҷ Тимур ва Ҳурмат шуруъ шудааст. Модари Жасур ҳамин номҳоро дар номааш зикр мекунад.

Шуъбаи тафтишотии раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд зидди Исломбек Тулаганов бо моддаи "барқасдона расонидани зарар, ки боиси марг шудааст", парванда кушод. 5 июн ӯро боздошт карданд. Мақомот мегӯянд, ба рафтори омӯзгорон ва кормандони тиббӣ баҳои ҳуқуқӣ хоҳанд дод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG