Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амали террористии Лондон дар маркази маъракаи интихоботӣ


Нахуствазири Британия Тереза Мэй
Нахуствазири Британия Тереза Мэй

Амали террористии ахир дар Лондон, ки чанд рӯз пеш аз интихоботи порлумонӣ сурат гирифт, баҳси гарами роҳбарони ду ҳизби Бритониёро ба бор овард. Интихобот ба рӯзи 8 июн барномарезӣ шудааст.

Роҳбари муҳофизакорон, сарвазири феълии Британия Тереза Мэй гуфтааст, ки дар робита ба зуҳуроти тундгароӣ дар ҷомеа таҳаммулпазирӣ боло мегирад. Ба гуфтаи нахуствазир ин ҳолат набояд идома пайдо кунад. Мэй ваъда дод, ки дар сурати пирӯзӣ мубориза бо терроризмро тақвият мебахшад.

Ҳизби лейбористон изҳороти Мэйро ҳамчун сиёсигардонии маъракаи интихоботӣ унвон кард. Ба гуфтаи ин ҳизб, суханони Мэй ҳамла ба роҳбари ҳизб Ҷеримӣ Корбин аст, ки сарвазир ӯро борҳо дар доштани робита бо тундгароёни зиддиғарбӣ муттаҳам кардааст.

Корбин дар посух ба изҳороти рақибаш гуфт, ки Мэй ва ҳамҳизбонаш бо сиёсати сарфасозии буҷаашон фаъолияти мақомоти махсусро заъиф сохтанд. Ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 20 ҳазор нафар кам шуд. "Суботро намешавад арзон харид"- гуфт Корбин ва афзӯд, ки ҷомеаи Британия бояд ба арзишҳои демократӣ арҷ гузорад ва аз "исломофобия" канораҷӯӣ кунад.

То 22 май, замони таркиши Манчестер, Мэй аз Корбин пешсафтар буд ва имкон дошт, ки бе монеа пирӯз шавад. Аммо баъди амалҳои террористии ахир эътимод ба ҳукумат коҳиш ёфт ва тибқи назарсанҷиҳои охир, бартарии муҳофизакорон 1 дарсад кам шудааст.

XS
SM
MD
LG