Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуот: Кустуритса баъди як сонеҳа дар бемористон бистарӣ шуд


Коргардони маъруфи синамо Эмир Кустуритса дар як шоҳроҳи Белград-Чачак дар 140-километрии пойтахти Сербия дар як сонеҳаи автомобилӣ шадидан маҷрӯҳ шудааст. Дар ин бора рӯзи 2 июн нусхаи рӯзномаи швейсарии “Блик” дар Сербия хабар додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки мошини тамғаи “Мерседес”, ки дар дохилаш коргардон нишаста буд, ба ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба самти дигар тоб хӯрдааст. Баъди ёрии аввалияи тиббӣ ба Кустуритсаи 62-сола ва ронандаи мошин ба бемористон интиқол ёфтанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ҷароҳати бардоштаи коргардон то куҷо хатарнок мебошад.

Эмир Кустуритса аз коргардонҳои маъруфи синамои ҷаҳонӣ буда, муаллифи даҳҳо филми бадеӣ мебошад.Яке аз мавзӯъҳои марказии филмҳои Кустуритса ба паёмадҳои пошхӯрии Югославияи собиқ дар зиндагии мардуми оддии ин қаламрав бахшида шудааст. Силсилаи филмҳояш дар робита бо ҳаёти лӯлиҳои минтақаи Балкан барояш маъруфияти бесобиқа овардааст. Барои тамошобинони шӯравии собиқ филмҳои Кустуритса тавассути тарҷумаҳои русӣ хуб ошно ҳастанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG