Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал: Кор бо саркӯби "Давлати исломӣ" тамом намешавад


Як низомии баландпояи рус гуфт, ки дар шароити саркӯби ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар Ховари Миёна ин гурӯҳ ба муборизаи, ба истилоҳ, дорои тактикаи фарқкунанда аз рақиб хоҳанд пардохт. Хабаргузории ТАСС рӯзи 31-уми май навишт, ки генерал Андрей Новиков, раиси Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар ин бора дар Душанбе изҳори назар кардааст. Ин шабу рӯз дар Тоҷикистон машқҳои низомии “Душанбе – зиддитеррор – 2017” ҷараён дорад.

Ӯ гуфтааст, “дар шароити тақвияти фишор болои пойгоҳҳои аслии ДИИШ, мушоҳида мешавад, онҳо амалиёти худро аз қаламравҳои асосии фаъолияти худ ба кишварҳое интиқол медиҳанд, ки фаъолона бар зидди онҳо мубориза мебаранд”.

Андрей Новиков мегӯяд, “ҳатто дар сурати минтақаҳои таҳти назораташро аз додан ва аз идеяи бунёди “Хилофат” даст кашидан ҳам, хатари терроризм ҳамчунон боқӣ мемонад. Талошҳои ДИИШ барои яккатозӣ ва мавқеи идоракуниро ба даст гирифтан дар ҳаракатҳои ҷиҳодии ҷаҳон боис ба шакл гирифтани таҳдидҳои террористии нав ва роҳандозии "тактикаи ҷангии номуносиб” бевосита дар қаламрави кишварҳои пешгом дар мубориза бо терроризм мешавад.”

Вижагии чунин “тактикаи ҷанги номуносиб”, ба гуфтаи ӯ, ки дар таҷрибаи ҷанги Сурия ошкор шуд, тақозо мекунад, то роҳҳои муносиби муқобила бо терроризм ҷустуҷӯ шавад.

Дар ҳамоише, ки дар Душанбе баргузор мешавад, раҳбарони марказҳои зиддитеррористии ҳашт кишвар, мисли Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок доранд.

XS
SM
MD
LG