Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди қарори Мирзиёев нархи мошин дар Узбакистон қимат шуд


Баъди як қарори Шавкат Мирзиёев дар бораи фурӯш бо пули миллӣ дар Узбакистон арзиши мошинҳои GM Uzbekistan 20 дар сад боло рафт. Як намояндаи ширкати GM Uzbekistan гуфт, аз 1-уми июн дар тамоми фурӯшгоҳҳои Узбакистон мошинҳо бо пули миллии сӯм фурӯхта хоҳанд шуд.

Намояндаи GM Uzbekistan гуфт, дар бораи онки қарори ахир то куҷо ба нархи мошин таъсир расондааст, маълумот надорад. “Дар бораи онки баъди 1-уми июн нархи мошин чӣ қадар хоҳад шуд, маълумот надорам. Танҳо метавонам, бигӯям, ки сабти мошинҳои боқимонда сурат хоҳад гирифт”, - афзуд ӯ.

Тавре маълум шуд, баъди болоравии нархҳо фурӯши мошин дар фурӯшгоҳҳои Узбакистон муваққатан қатъ шуда, арзиши мошинҳои GM Uzbekistan дар бозор ба ҳисоби миёна 20% гарон шудааст.

Яке аз фурӯшандаҳои мошин дар шаҳри Тошканд гуфт, бархе тоҷирон бар инанд, ки баъди 1-уми июн нарх боло меравад ва бинобар ин мошинҳои худро намефурӯшанд. “Аз ин рӯ, онҳое, ки ҳоло мошинҳои худро мефурӯшанд, нархро то 20-30% боло бурдаанд”, - афзуд ӯ.

Президенти Узбакистон ахиран қарореро имзо кард, ки бар пояи он, аз аввали июн тамоми навъи мошинҳои GM Uzbekistan дар бозори дохилӣ бо пули миллӣ фурӯхта мешаванд.

XS
SM
MD
LG