Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: "Русҳо гуфтаанд, ки зидди Трампу одамонаш мавод дорем"


Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп
Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп

Дар ҷараёни маъракаи президентии соли гузашта намояндагони Русия аз вуҷуди маводи бадномкунанда алайҳи номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва ситоди ӯ суҳбат кардаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN рӯзи 30 май бо такя ба собиқадорони истихборот ва манобеи худ дар Конгресс гузориш дод.

Истихбороти Амрико гуфтугӯи русҳоро дастрас кард ва ин барои фарзияҳои эҳтимоли тавони таъсиргузории Русия ба маъмурият замина шуд.

Ба қавли яке аз манбаъҳои CNN, маводи бадномкунанда хусусияти молӣ дошт. Аз сӯи дигар, таҳлилгарон таъкид мекунанд, изҳороти русҳо метавонад иғроқ ё бадтар аз ин достонбофӣ бошад, ки бо ҳадафи эҷоди харҷу марҷ дар маъракаи интихоботӣ пахш шудааст.

CNN номи намояндагони ситоди интихоботии Трампро, ки русҳо аз онҳо ном бурдаанд, ошкор накард. Шабакаи телевизионӣ ин эҳтимолро соқит намекунад, ки сухан аз боби Майкл Флинн аст, ки муддати кӯтоҳ мушовири амниятии миллии Кохи Сафед буд ва Пол Манафорд, ки чанд моҳ ба ситоди интихоботии Трамп раҳбарӣ кард.

Идораи федеролии таҳқиқот – FBI, ки бозҷӯии “пайи Русия”-ро дар маъракаи соли гузашта дунбол мекунад, то ҳол шарҳ надодааст, ки гуфтаҳои русҳо дар робита ба вуҷуди маводи бадномкунанда таҳқиқ шудааст, ё не.

Худи раиси ҷумҳур дар як паёми твиттерӣ навишт, “мардум дар ҳукумати Русия эҳтимол ба ҳоли Амрико механданд, ки ба шабакаи пахши хабарҳои дурӯғ ва шарҳҳои беҷон, ки онҳоро демократҳо барои тавҷеҳи нокомии худ дар интихобот бофтаанд, табдил ёфтааст”.

XS
SM
MD
LG