Пайвандҳои дастрасӣ

Москва ба ихроҷи дипломатҳояш аз Молдова посух медиҳад


Ноиби вазири хориҷии Русия Григорий Карасин

Григорий Карасин, муовини вазири умури хориҷии Русия, рӯзи 30 май баъди ихроҷи панҷ дипломати рус аз Молдова Кишеневро бо ваъдаи "посухи шадид" ҳушдор дод.

"Посух, албатта, мешавад ва посухи хеле шадид", - гуфт Карасин. Кишинев дипломатҳои русро "афроди номатлуб" ё "нон грата" эълон кард ва барои берун шудан аз Молдова 72 соат муҳлат дод.

"Ин иғвои дағалонаест, ки зарараш ба тими президенти Молдова Игор Додон мерасад. Додон воқеан талош дорад, ки муносибатҳои солими дуҷонибаро бо Москва барқарор созад", - гуфт Карасин.

Ҷанҷоли дипломатӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки танишҳо миёни президенти русиягарои Молдова ва ҳукумати аврупогарои ин кишвар густариш меёбанд. Ихтилофи назар байни президент ва ҳукумати Молдова баъди он сар зад, ки хабарҳо дар бораи ба ихтиёри корманди сафорати Русия додани иттилои махфии давлатӣ тасдиқ шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG