Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон дар суханрониаш ба муносибати шурӯи моҳи Рамазон, сарони Арабистони Саудиро “аҳмақ” хондааст. Хоманаӣ рӯзи 27-уми май дар Теҳрон гуфтаааст, сиёсати раҳбарони Саудӣ дар ниҳоят сабаби нобудиашон хоҳад шуд.
Ӯ афзудааст, “аҳмақҳо хаёл мекунанд, бо додани пул ва кумак кардан метавонанд самимияти душманони исломро ҷалб кунанд. Дар ҳоле ки самимияте вуҷуд надорад. Тавре ки худашон ҳам гуфтанд, монанди гови ширдеҳ ширашонро медӯшанд ва вақте ширашон тамом шуд, забҳ мекунанд.”
Ин изҳороти Хоманаӣ пас аз он садо дод, ки Арабистони Саудӣ ҳашт рӯз пеш дар ҷараёни дидори Доналд Трамп аз Риёз, тавофуқномаи дифоӣ ва таслиҳотиро ба арзиши 110 миллиард доллар бо Амрико имзо кард.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар ҷараёни ин сафараш ба Риёз, Эронро ба далели омӯзиши гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Сурия, Яман ва Ироқ сарзаниш карда ва ин кишварро ба ҳимояи молӣ аз террористҳо муттаҳам намуд.
Эрон дар навбати худ ин иттиҳомотро рад карда ва Арабистони Саудиро пуштибони молии гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” номидааст.