Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширу шакари Рустам аз рок ва поп. ВИДЕО


Рустам Маҳмадалиев бо ҳамдарсон
Рустам Маҳмадалиев бо ҳамдарсон

Рустам Маҳмадалиев мехоҳад, жанри алтернативии мусиқиро дар Тоҷикистон эҳё кунад. Бо иҷрои оҳанге дар ҳамин жанр ӯ аз миёни 100 нафар ба даври финалии озмуни мусиқии Боб роҳ ёфт.

Рустам мегӯяд, жанре, ки ӯ мехоҳад бо он аз худ дарак диҳад, бо омезиши ду навъи мусиқӣ – рок ва поп – эҷод шудааст. Вай бо оҳанги бадахшоние дар ин жанр бо 12 нафар барои шоҳҷоиза рақобат хоҳад кард. “Дар ин жанр қариб компютер истифода намешавад ва оҳанг танҳо ба воситаи асбобҳои мусиқӣ таҳия мешавад. Ин навъи мусиқӣ дар Тоҷикистон зиёд шинохта нест ва гурӯҳҳои овозхонони амрикоӣ бештар аз он истифода мекунанд. Мехоҳам дар инҷо ин жанрро муаррифӣ кунам”, - афзуд ӯ.

Дӯстони ман телефону компютери ман ҳастанд. Ташаккур аз Майкрасофт ва Бил Гейтс барои барномаҳои хубе, ки барои афроди нобино ҳам имкониятҳои хуби истифодаро фароҳам овардааст.

Аммо на фақат жанри интихобкардаи Рустам, балки нигоҳу андешаааш ба мусиқӣ ва худи ӯ ҳам аз рақибонаш дар озмуни Боб фарқ дорад. Ӯ дунёро бо чашми дил мебинад ва тавре худаш мегӯяд, хеле зебову рангин аст. “Ман хеле зиёд мусиқӣ гӯш мекунам. Девонаи мусиқӣ ҳастам, то ҳадде ки барои дастрасӣ ба миллионҳо оҳанги ҷаҳонӣ ҳар моҳ ба "Эпл Мюзик" пул пардохт мекунам.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ширу шакари Рустам аз рок ва поп
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:15 0:00

Рустам дар бораи мусиқӣ ва жанру навъҳои он маълумоти хеле зиёд дорад ва метавонад соатҳо сӯҳбат кунад. Ӯ ягон мактаби махсуси мусиқиро хатм накардааст ва тамоми ин маълумотро аз интернет ва афроди огоҳ ба даст овардааст. Замоне ба далели маҳрумият аз қувваи босира мактабҳои мусиқӣ ба қавли худаш “танбалӣ” карда, ӯро қабул накарданд, аммо ин муносибат Рустамро дилсард накард, балки баръакс ин ҳодиса ӯро ба пешрафтҳои дигар таккон додааст. Ӯ бо бовар мегӯяд, дарки мусиқии хубе дорад ва талош кардааст, то маҳрумият аз биноӣ дар иҷрои нақшаҳояш дар зиндагӣ монеъ нашавад.

Ҷамила Назарова
Ҷамила Назарова

Рустам ҳоло донишҷӯи бахши журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст. Аввалин хабарҳои мусиқии ҷаҳонро ҳамсабақон дар донишгоҳ аз Рустам мешунаванд ва ба талоши ӯ барои аз худ кардани донишҳои нав ҳайрон мешаванд. Ҷамила Назарова, ҳамсабақи Рустам, ки дар аксар ҳолатҳо ба ӯ кумак мекунад, гуфт, “Рустам ҳамеша дар бораи мусиқӣ сӯҳбат мекунад. Баъзан дар ҳалқаи дӯстон барои мо суруд мехонад. Хеле шӯху меҳрубон аст. Вижагии ӯ ҳам ин аст, ки қавиирода аст ва боре нашунидаем, ки аз чизе дар зиндагӣ норозигӣ ё нороҳатӣ карда бошад.”

Лаҳзае аз суҳбати Зарангези Наврӯзшоҳ бо Рустам Маҳмадалиев
Лаҳзае аз суҳбати Зарангези Наврӯзшоҳ бо Рустам Маҳмадалиев

Ба озмуни мусиқии Боб ҳам ҳунари Рустамро дӯстонаш тариқи телефон сабт карда фиристодаанд. Ин озмунро маркази фарҳангии «Бохтар» барои ҷавонони аз 16 то 20-сола баргузор мекунад. Озмун аз чанд давра иборат буда, моҳи феврали имсол шурӯъ ба кор кардааст. Ба қавли масъулини маркази фарҳангии «Бохтар», шарти аслии озмун ин аст, ки матн ва оҳанг бояд «оригиналӣ» бошанд.

“Ҷоизаи мусиқии Боб" дар Тоҷикистон ба хотираи Боб Леверингтон, намояндаи Оҷонси рушди байналмилалии Бритониё роҳандозӣ шудааст. Баъд аз даргузашти Боб, ки бо ҷавонони тоҷик ҳамкорӣ дошт ва барои рушди истеъдодҳо кумак мерасонд, дӯстонаш ба ин қарор омаданд, ки ин лоиҳаро ба роҳ монанд. Амалхонум Гадҷиева, ҳамоҳангсози маркази фарҳангии «Бохтар» мегӯяд, ҳадаф аз ин лоиҳа дастгирӣ ва кашфи ҷавонони ҳунарманду боистеъдод аст.

Амалхонум Гадҷиева
Амалхонум Гадҷиева

“Аз тамоми ноҳияҳои кишвар 100 дархост гирифтем ва аз миёни онҳо 13 нафари беҳтаринро интихоб кардем. Дар даври финалии озмун, ки рӯзи 27-уми уми май баргузор мешавад, ҳам аз Мурғоб ва ҳам аз дигар манотиқи кишвар ҷавонон меоянд ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Таронаҳо бо забону жанрҳои мухталиф садо медиҳанд”,- шарҳ дод ӯ.

Дар робита ба оҳанге, ки Рустам бо он дар озмун ширкат мекунад, Амалхонум Гаджиев гуфт, ҳам мусиқиаш оригиналӣ ва тоза аст ва ҳам матни таронааш ҷолиб аст. Аз ширкат дар озмуни мусиқии Боб, Рустам умеди хеле зиёд дорад. Агарчӣ мегӯяд, талоши муаррифии ҳунараш дар озмунҳои дигари мусиқӣ барои ҷавонону наврасон чандон муваффақ набуд ва ӯ то ҳол дар озмунҳо то даври финалӣ роҳ наёфта буд. Доварони озмун ӯро, ки бо як жанри нави мусиқӣ рӯйи саҳна меомад, ҷиддӣ қабул намекардаанд.

Ҳоло ин ҷавон тарҳеро омода дорад, ки барои овозхонон роҳҳои нави фурӯши таронаҳо аз тариқи фурӯшгоҳҳои маҷозӣ ба ҷаҳониёнро пешниҳод мекунад.

Аммо Рустам тавассути компютер ва барномаҳои махсус таронаҳои худро дар саҳифаву мағозаҳои маъруфи ҷаҳонӣ мечархонад ва бо ин роҳ пул ҳам кор мекунад. “Дустони ман телефону компютери ман ҳастанд. Ташаккур аз Майкрасофт ва Бил Гейтс барои барномаҳои хубе, ки барои афроди нобино ҳам имкониятҳои хуби истифодаро фароҳам овардааст. Ман моҳе метавонам то 400 доллар аз таронаҳоям кор кунам ва ин маблағро боз барои дастрасӣ ба таронаҳои маъруфи ҷаҳонӣ сарф намоям.”

Ҳоло ин ҷавон тарҳеро омода дорад, ки барои овозхонон роҳҳои нави фурӯши таронаҳо аз тариқи фурӯшгоҳҳои маҷозӣ ба ҷаҳониёнро пешниҳод мекунад. Дар сурати пирӯз шудан дар озмуни мусиқии Боб, Рустам ба ҳадафу нақшаҳои худ наздиктар мешавад. Озмун ҷоизаи пулӣ дорад ва ҳамчунин ба нафари пирӯз имкон медиҳад, ки бо беҳтарин продюссер ҳамкорӣ ба роҳ монад.

XS
SM
MD
LG