Пайвандҳои дастрасӣ

Санъатшиноси барҷастаи тоҷик даргузашт (ВИДЕО)


Низом Нурҷонов дар ин барнома телевизиони давлатии "Баҳористон" дар бораи расму ойинҳои наврӯзӣ сӯҳбат мекунад.

Низом Нурҷонов, яке аз санъатшиносони маъруфи Тоҷикистон пас аз бемории тӯлонӣ дар 94-солагӣ даргузашт. Доктори илми санъатшиносӣ ва профессори шинохта, ки дар тӯли умри худ драма, операву балет, рақс ва фолклору мусиқии тоҷикро таҳқиқ кардааст, рӯзи 18-уми март дар Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Наздикони донишманди тоҷик чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ бемори бистарист ва қудрати ҳаракат кардан надорад. Низом Нурҷонов то кунун дар Душанбе ҳамроҳ бо духтараш зиндагӣ мекард. Писараш бо хонавода муқими Олмон аст.

Низом Нурҷонов, яке аз мунаққидони барҷастаи театрӣ ва ҳам пажӯҳишгари рақси миллии тоҷикӣ буд ва бо мусоидати ӯ дар соли 1958 дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон шӯъбаи таърихи санъат таъсис ёфт ва нахустин мудири шӯъба ҳам худи Низом Нурҷонов таъйин шуд.

«Нахустин театри касбӣ», Таърихи театри шӯравии тоҷик», «Театри Суннатии Тоҷикон», «Олами Беканори Рақси Тоҷик» чанде аз китобҳои донишманди шинохтаи тоҷик аст. Дар китобаш бо номи «Театри суннатии тоҷикон», ки соли 2002 нашр шуд, Низом Нурҷонов мегӯяд, ки мардуми Тоҷикистон, ягона мардум дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҳафт наъви театри суннатиро дорад.

Дар китоби «Олами беканори рақси тоҷик», ки соли 2014 нашр шуд, ӯ дар бораи таърихи чандҳазорсолаи рақси мардуми Осиёи Марказӣ бахусус дар бораи рақсҳои занона ва мардонаи тоҷикӣ навиштааст.

Аз Бухоро то Душанбе

Низом Нурҷонов соли 1923 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст ва соли 1931 бо аҳли хонаводаашон ба шаҳри Сталинобод, Душанбеи феълӣ кӯч бастанд. Ӯ соли 1947 Донишгоҳи давлатии педагонии Сталинобод, ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм карда ва баъдан барои идомаи таҳсил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтааст.

Худаш дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки дар аҳди Сталин дар замони саркӯб, падарашро барои се моҳ бо иттиҳоми «хиёнаткорӣ» боздошт кардаанд. Ба гуфтаи Низом Нурҷонов, падараш мошини дарздӯзии модарашро таъриф кардааст, ки дар таъмини оила кӯмак мекунад.

Азбаски мошини дарздӯзии «Зингер», истеҳсоли Олмон аст, ба кумитаи амният гуфтаҳои падари Низом Нуроҷоновро расонидаанд ва падарашро ба таърифи маҳсулоти кишвари бегона ба додгоҳ кашидаанд. Аммо ӯ аз Санкт Петербург баргашта ва ба мақомот фаҳмонидааст, ки падараш хоин нест, балки як фарзандаш дар ҷанги бузурги ватанӣ ба зидди Олмони фашистӣ ҷон бохтааст. Баъд аз се моҳ мақомот ӯро ҷавоб додаанд.

Бародари Низом Нурҷонов, Зуҳур Ҳабибуллоев, рассоми мардумии Тоҷикистон буд, ки соли 2013 даргузашт. Донишманди шинохтаи тоҷикро рӯзи 19-уми март дар шаҳри Душанбе дар оромгоҳи Сариосиё, дар канори дигар шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон дафн карданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG