Пайвандҳои дастрасӣ

Шавқмамад Пӯлодов: "Раббоб" аз "Раб" ва "боб" аст. ВИДЕО


Шавқмамад Пӯлодов, сарояндаи сурудҳои суннатӣ ва устои созҳои торӣ.

Раббоб сози мусиқии қадимиест, ки дар бештари хонаводаҳои мардуми Бадахшон пайдо мешавад. Ҳатто хонаводаҳое, ки онро навохтан наметавонанд, дар гӯшае аз хона ё дар сутунҳои хона онро овезон мекунанд. Номи ин сози мусиқиро ба фарқ аз дигар минтақаҳо дар Бадахшон на “рубоб”, балки “раббоб” мегӯянд. Навозандаҳои созҳои торӣ ва мусиқидонҳо мегӯянд, дар номи он ду калимаи арабӣ аст, ки “раб” ба маънии Худо ва “боб” ба маънои “дарвоза” аст. Ҳарчанд таърихи дақиқи сохта шудани раббоб ё рубоб маълум нест, аммо ривоятҳои гуногуне дар атрофи ин сози мусиқӣ вуҷуд доранд. Яке аз ин ривоятҳо, таърихи раббобро ба замони пайдоиши ҳазрати Одами Сафиуллоҳ мебарад.

Шавқмамад Пӯлодов, сарояндаи сурудҳои суннатӣ ва устои созҳои торӣ дар мавриди ин ривоят мегӯяд, "вақте Одами Сафиуллоҳро аз гил сириштанду рӯҳро гуфтанд, ки дар дохили ин ҷисм даро, рӯҳ ҳафт маротиба дар гирди ҷисм давр зад ва гуфт, ман ҷуръати дар он даромаданро надорам. Гуфтанд чаро? Гуфт, ман аз нурам ва ин ҷисм аз хок. Он замон Худованд бар ҳазрати Ҷабраил фармуд, ки аз биҳишт аз дарахти тубо шохае биёр ва аз он қонун бисоз ва мақом кун. Аз рӯдаи гӯсфанд тор ва аз пӯсти асп бар он пӯсте бикаш. Он созро “қонун” кард. Ҳар созе, ки ҷӯр шуд, онро қонун мегӯянд ва вақте, ки ҷӯр шуд, он ба нағма медарояд. Он замон навохтанду рӯҳ дохили ҷисм шуд.”

Ҳамин ривоят ҳаст, ки раббоб барои мардуми Бадахшон маҳбубияти хос дорад ва як сози муқаддас ҳам ба шумор меравад. Аз ин рӯ, он ҳамеша дар сутун овезон мебошад ё дар баландиҳо нигоҳ дошта мешавад, то касе по бар он наниҳад. Раббобро маъмулан аз чӯби дарахти зардолу метарошанд, ки ба гуфтаи раббобтарошон, чӯби зардолу дар худ махсус равғане дорад, ки сози мусиқиро аз намӣ нигоҳ медорад. Дар мавриди замони гирифтани чӯби зардолу ҳам миёни устоҳои раббобтарош гуфтаҳое аст, ки дарахти зардолу бояд гул шукуфта бошад.

Шавқмамад Пӯлодов дар шарҳи ин аз қавли пиронсолон мегӯяд: “Чӯби зардолуро дар вақти гул кардан мегиранд. Пӯсти раббобро аз аспе мегиранд, ки дар батнаш курра бошад. Барои торҳои он ҳам рӯдаҳои гӯсфандеро мегиранд, ки бордор бошад. Маъниаш он аст, ки чӯб барои гули худ, пӯст барои курра ва торҳо барои барра нола мекунанд.”

Раббоб аз 6 тор иборат аст, ки онҳоро ба 6 пайғамбари мурсал -- Одам, Иброҳим, Нӯҳ, Исо, Мусо ва ҳазрати Муҳаммад шабоҳат медиҳанд. “Ва ин чӯби хур ё мизроб ба маънии имомони давр аст, ки ҳама вақт гирди ин 6 пайғамбар давр дорад ва сифот мекунад”- мегӯяд оқои Пӯлодов.

Мардуми Бадахшон ин сози мусиқиро танҳо барои “маддо” ё мадҳияхонӣ– мадҳу ситоиши Худованд ва Паёмбару хонаводаи ӯ истифода мебаранд. Навозиш дар раббоб иборат аз 6 марҳила –муноҷот, ҳайдарӣ, раҳпо, росто, мақоми фалакӣ ва пойамал иборат аст, ки суръати яке аз дигаре ба маротиб тезтар мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG