Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхони бадахшӣ дар роҳ ба "OneBeat-2017"-и Амрико. ВИДЕО


Чоршанбе Аловатов.
Чоршанбе Аловатов.

Чоршанбе Аловатов, донишҷӯи соли сеюми Коллеҷи санъати Душанбе талош дорад Тоҷикистонро дар барномаи мусиқии “OneBeat-2017”, ки дар Амрико баргузор мешавад, муаррифӣ кунад.

“OneBeat” барномаи бахши маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии Амрико мебошад, ки ҳунармандони аз 19 то 35-солааро аз кишварҳои ҷаҳон барои эҷодӣ мусиқӣ ва роҳандозии тарҳҳои муштарак ба муддати як моҳ дар Амрико, гирди ҳам меорад. Чоршанбе Аловатов, ҳунарманди ҷавони тоҷик дархости худро ба ин озмун ирсол карда умедвор аст, ки рӯзи 30 март номзадии ӯ ҳам барои ширкат дар ин озмун пазируфта мешавад.

Як шарти пазируфтани дархост барои ширкат дар барномаи “OneBeat” он аст, ки бояд ҳунарманд аз тариқи сабти видеоӣ дар дар бораи худ ва ҳунараш бо забони англисӣ маълумот бидиҳад. Ӯ дар мавриди фиристодани дархост

Чоршанбе Аловатов ҳанӯз 19-сола аст ва бисёре аз асбобҳои миллӣ, ба монанди сетор, дутор, ғижжак, танбур, рубоб, доира, таблак, гитара ва скрипкаро ба хубӣ навохта метавонад.

мегӯяд: “Ман рӯзи 7 феврал 19-сола шудам ва ҳаққи иштирок дар ин барномаро пайдо кардам. Ва ҳамин тавр рӯзи охирини пешниҳоди дархостҳо – рӯзи 8 феврал ман дархостамро навишта фиристодам ва ба ман ҷавоб омад, ки мо дархости шуморо гирифтему шумо ҷавобро интизор шавед.”

Ин ҳунарманди ҷавони тоҷик мегӯяд, ҳарчанд дар ин барнома ҳамчун овозхон дархост додааст, вале дар сурати пазируфта шудан, бо худаш созҳои миллии сетор, рубоб ва ғиҷҷакро мебарад. “Дар ин тарҳ тамоми жанрҳои мусиқиро ҷой додаанд. Ба монанди рэп, хип-хоп ва эстрада. Ман тасмим гирифтам, ки бояд асбобҳои миллиро бигирам. Ман фикр мекунам кишварҳои дигар ва худи Амрико бештар эстрада доранд. Ба назари ман, бо асбобҳои миллӣ кам мебиёянд. Аз ин рӯ, ман наворҳои дархостии худро ҳам бо навохтани асбобҳои миллӣ иҷро кардам.”

Талоши Аловатов барои муаррифии Тоҷикистон дар "Onebeat-2017"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Чоршанбе Аловатов мегӯяд, дар оянда мехоҳад сароянда бошад, вале аз навохтани асбобҳои миллиро низ дур будан намехоҳад. “Агар сароянда бе ягон асбоби мусиқӣ сарояд, ман ӯро сароянда ҳисоб намекунам. Сарояндаҳои имрӯз аз асбобҳои миллии мо дур рафтаанд. Фақат бо фонограмма мехонанд. Асбоби миллӣ диққати шунавандагонро бештар ҷалб мекунад.”

Чоршанбе бо ин, ки ҳанӯз 19-сола аст, дар навохтани бисёре аз асбобҳои миллӣ ба монанди сетор, дутор, ғижжак, танбур, рубоб, доира, таблак гитара дасти боз дорад. Ба гуфтаи ӯ, навохтани табларо дар сафорати Ҳиндустон дар муддати 3 сол омӯхтаст. Ин ҳунарманди ҷавон соли 2012 дар тарҳи шабакаи телевизиони "Баҳористон" -- “Овози тиллоӣ” дар жанри "Фалак" ғолиб шуда буд.

Чоршанбе писари Ақназар Аловатов, овозхони маъруфти сурудҳои миллӣ мегӯяд, нақши падараш дар ҳунари навозандагии ӯ хеле калон аст. “Масалан, навохтани рубоб ва танбури бадахшониро падарам ба ман ёд дод. Нозукиҳои фалакро низ аз ӯ омӯхтам. Ин буд, ки дар барномаи “Овози тиллоӣ” ғолиб омадам. Агар падарам ин чизҳоро ба ман ёд намедод, ғолиб ҳам намебуданд”.

Заррина Тоҷибоева.
Заррина Тоҷибоева.

Ҳунармандони тоҷик солҳои охир талош мекунанд то ба саҳнаҳои бузург ва бозори шоубизнеси ҷаҳонӣ роҳ ёбанд. Дар ин миён Ясмина Алидодова, як ҳунарманди тоҷики муқими Дубай аст, ки соли гузашта ба даври ниҳойии озмуни Gems Academy Schools-и Аморати Муттаҳидаи Араб роҳ ёфта буд. Заррина Тоҷибоева, ҳунарманди дигари муқими Швейсария аст, ки дар ҳайати гурӯҳи мусиқие дар шаҳри Тсюрих овозхонӣ мекунад. Ӯ соли 2014 муддаии “Евровидение”, маъруфтарин озмуни мусиқии Аврупо шуд.

Коршиносони мусиқӣ мегӯянд, бо ин, ки роҳи ҳунармандони тоҷик ба саҳнаҳои ҷаҳонӣ осону ҳамвор нест, худи воқеияти ин, ки талошҳо барои ишғоли саҳнаҳои калон бо истифода аз имкониятҳои забондониву дастрасии онҳо ба интернет ва технологияҳои навин анҷом мешавад, боиси дастгирист. Шояд ҳам ба шарофати ҳамин чанд ташаббуси аввал роҳи наслҳои баъдӣ ба ҳунари мусиқии ҷаҳонӣ боз шавад

XS
SM
MD
LG