Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи Муҳаммадшарифи фалаксаро: "Мехоҳам ба саҳнаи бузург роҳ ёбам". ВИДЕО


Муҳаммадшариф Рамазонов
Муҳаммадшариф Рамазонов

Муҳаммадшариф аз ҷумлаи ҷавононест, ки мехоҳад дар оянда фалаксаро шавад ва ба саҳнаҳои бузург роҳ ёбад.

Муҳаммадшариф Рамазонови 19-сола аз ҷумлаи ҷавононест, ки мехоҳад дар оянда фалаксаро шавад ва ба саҳнаҳои бузург роҳ ёбад. Ӯ зодаи як деҳаи дурдаст дар ноҳияи Данғараи Хатлон аст ва ҳоло барои аз худ дарак додан ба мактаби мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа омадааст. Муҳаммадшариф ҳоло барои ширкат дар озмуни мусиқии "Ҷоизаи мусиқии Боб", ки бо ибтикори маркази фарҳангии "Бохтар" баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Ӯ мехоҳад дар ин озмун се таронаашро пешниҳод кунад: «Мехоҳам ширкат кунам. Мавзӯи падар, модар, ватан аз репертуари ман аст, хусусан сурудҳои халқӣ ба дили ман наздик аст». Ӯ ҳоло дар яке аз толорҳои мактаби мусиқии шаҳри Душанбе тамрин мекунад, то оҳангҳои дар жанри фалак эҷодкардаашро ба таври беҳтар пешниҳод намояд.

Ин озмунро маркази фарҳангии "Бохтар" барои ҷавонони аз 16 то 20-сола баргузор мекунанд ва қарор аст аз 1 декабри имсол то поёни феврали соли оянда дар чанд марҳила баргузор шавад. Ба гуфтаи масъулини маркази фарҳангии "Бохтар", "ин озмуни иҷрои таронаҳои худи ҳунармандон аст. Матн ва оҳанг бояд оригиналӣ бошанд. Нусхабардорӣ набошад. Плагиат будан ё набудани онҳо таҳқиқ мекунанд".

Орзуи як ҷавони деҳотӣ: "Мехоҳам ба саҳнаи бузург роҳ ёбам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Сергей Чутков, ҳамоҳангсози барномаҳои мусиқии марказии фарҳангии "Бохтар" мегӯяд, ки ҳадаф аз ташкили озмуни "Ҷоизаи мусиқии Боб" кашфи истеъдодҳои ҷавон ва кӯмак ба ҳунармандони ҷавон аст. Амандир Френо, раиси ин марказ мегӯяд, умедвор аст ҷавонони минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон бо истифода аз ин имконият истеъдоди худро ба намоиш мегузоранд.

Боб Леверингтон, намояндаи Оҷонси рушди байналмилали Бритониё буд, ки бо ҷавонони тоҷик ҳамкорӣ дошт ва барои рушди истеъдоди онҳо кӯмакҳои амаливу назарӣ мерасонд. Ӯ ҳоло дар қайди ҳаёт нест ва дӯстонаш, ки дар муассисаву созмонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба ин қарор омаданд, ки лоиҳаеро ба хотираи ӯ амалӣ кунанд ва аз ин рӯ тарҳи “Ҷоизаи мусиқии Боб"-ро роҳандозӣ карданд.

Ҳолои барои ин хонандагони мактаби мусиқӣ дар Қӯрғонтеппа як имконияти хуб барои муаррифии истеъдоди худ пайдо шудааст. Зеро ғолибони ин озмун дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи С.Айнии Душанбе дар баробари доираи васеи тамошобинон муаррифӣ мешаванд. Маҳмадризо Ашӯров, муовини раиси мактаби мусиқӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа муаррифии ҷавонон дар чаҳорчӯбаи чунин озмунҳоро муҳим медонад, ки барои рушди мусиқӣ мусоидат менамояд.

Баргузоркунандаи озмуни “Ҷоизаи мусиқии Боб” маркази фарҳангии “Бохтар” аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон лоиҳаҳои фарҳангиро амалӣ месозад.

XS
SM
MD
LG