Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фалаки "Шукрона" дар меҳвари ҷашни Фалак-2014


Омодагиҳо ба ҷашни Фалак дар толори Филармонияи давлатӣ
Омодагиҳо ба ҷашни Фалак дар толори Филармонияи давлатӣ

Масъулони Филармонияи давлатӣ мегӯянд, имсол дар меҳвари ҷашнҳои Рӯзи Фалак фалаки "Шукрона" қарор мегирад, яъне таронаҳо бо ситоиш аз зиндагии имрӯзаи мардуми тоҷик ва пешрафтҳои Тоҷикистон.

“Фалаки шукрона” дар иҷрои бархе аз фалаксароёни тоҷик, яке аз вижагиҳои барномаи имсолаи ҷашнвораи “Фалак” дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дар Рӯзи фалак, ки ҳар сол 10 октябр таҷлил мешавад, ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фалаки “Шукрона”, яъне сурудҳои фалакие мехонанд, ки дар онҳо шукргузорӣ аз зиндагии имрӯза ва ситоиши пешрафтҳои Тоҷикистон дар чанд соли охир мавзӯи асосӣ хоҳад буд.

Афзалшоҳи Шодӣ, раҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки имсол ҷашни “Фалак” дар ҳамин муассиса баргузор мешавад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “Фалаки шукрона”-ро ҳунармандони Филармонияи давлатӣ Раҳматулло Ҳошимов, ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва писари овозхони шӯҳратёр ва ба қавле, ҳатто “падари Фалак” Одинаи Ҳошим, ва Нуроншоҳ, як ҳунарманди дигари ҷавон иҷро хоҳанд кард.

Афзалшоҳи Шодӣ
Афзалшоҳи Шодӣ

Афзалшоҳи Шодӣ мегӯяд, “Шукрона” ин як шеваи нави фалаксароист ва дар он ҳунармандони тоҷик имрӯзи кишвар, рушду пешрафт ва ободиву осудагии диёрро тасвир хоҳанд кард: “Фалаки “Шукрона”, ки яъне шукронаи тинҷӣ, шукронаи сериву пурӣ, шукронаи ин ки имрӯз роҳҳои мо кушода аст ва метавонем озод ба тамоми дунё бароем. Ба мардум, ба дигар давлатҳо бояд фаҳмонем, ки мо имрӯз нисбат ба солҳои барои мисол, 2010, 100 бор пеш рафтем.”

Ба гуфтаи Афзалшоҳи Шодӣ, таронаҳои фалакӣ ба ин мазмун, яъне шукрона кардан аз зиндагӣ, дар сурудҳои ҳунармандони дигари тоҷик, аз ҷумла дар таронаҳои Давлатманди Хол, Парда Қосим ва Сурайё Қосимова ҳам ҳаст. Ба таъкиди раҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон, дар асл фалак, як сабки мардумӣ аст ва дар гузашта мардум тавассути он дарду ғами худро бозгӯ мекарданд ва аз мушкилоти зиндагии худ мегуфтанд.

Аммо Раҳматулло Ҳошимов, фарзанди фалаксарои маъруф - Одина Ҳошим - мегӯяд, ба ин андешаҳо ки фалак танҳо шикоят аз зиндагии пурмушкил ва нолаву фарёд аст, розӣ нест, балки ба таъкиди ӯ, фалак дар баробари ғам шодӣ ҳам дорад: “Имрӯз андешаҳое ҳаст, ки фалак танҳо дарду роз бо Парвардигор гуфтан аст, фалак шодӣ ва хурсандӣ ҳам дорад ва онро бар пояи ғазалҳои Ҳофизу Саъдӣ, Бедилу Мавлоно мехонданд. Хушбахтона, имрӯз ҷавонони зиёде ба ин жанр таваҷҷӯҳ доранду ҳунарнамоӣ мекунанд ва аз ин мо хеле шодем.”

Соли ҳафтум аст, ки дар Тоҷикистон 10-уми октябр чун Рӯзи Фалак таҷлил мешавад ва бахшида ба ин рӯз, ҳамасола дар Душанбе барномаи консертӣ баргузор шудаву фалаксароён аз ҳама гӯшаву канори кишвар ба пойтахт даъват мешаанд. Интизор меравад, имсол дар ҷашни Фалак, беш аз 20 фалаксарои тоҷик ва ҳам ҳунармандон аз Афғонистону Озарбойҷон ширкат кунанд. Созмондиҳандагони ҷашни рӯзи Фалак мегӯянд, ҳунармандони озарӣ каме дертар ба Тоҷикистон хоҳанд омад, фалаксароёни афғон ба ин ҷашн даъват шудаанд, вале ҳанӯз аз онҳо хабаре нест.

Одинаи Ҳошим, ки "Падари Фалак" хонда мешавад
Одинаи Ҳошим, ки "Падари Фалак" хонда мешавад

Бо вуҷуди он, ки рӯзи Фалак дар Тоҷикистон ҳар сол бо фармони раисиҷумҳур ва бо ҳадафи густариши ин жанри мусиқӣ баргузор мешавад, аммо аксар фалаксароёни тоҷик аз шеваи ташкили ин ҷашнвора ва сатҳи таваҷҷӯҳ ба ин сабки мусиқӣ норозиянд. Ба гуфтаи ҳунармандон, танҳо бо таҷлили як барномаи ҳунарӣ ва фалаксароӣ наметавон ба ҳадаф расид, балки масъулон бояд бо ташкили чорабиниҳои вижае дар ростои ин ҷашн, ба сокинони кишвар ва ҷаҳониён дар бораи ин мероси бузургу таърихи он маълумот диҳанд.

Як фалаксаро аз ноҳияи Файзобод, ки аз бурдани номаш худдорӣ намуд, гуфт, онҳо ҳамагӣ як рӯз қабл аз ҷашни Рӯзи Фалак ба Душанбе даъват шуданд ва ҳеҷ шароите барои ширкат дар ин ҷашнвора низ барояшон муҳайё нашудааст: “Дастгирӣ нест, ман омадам, маълум нест, ки куҷо меистам. Ҳоло ҳайронам, ки баъди тамрин ман то Файзобод чӣ хел меравам? Ман аслан дарди дили худро мехонам, ва ин ҷо ҳам бо ин мисраҳо ширкат мекунам:

Эй чархи Фалак харобӣ аз кинаи ту,

Бедодгарӣ шеваи деринаи ту.

Эй чарх агар синаи ту бишкофанд,

Пас гавҳари қимматест дар синаи ту...”

Фалак як жанри мардумии таронасароист, ки бештар дар ҷануби Тоҷикистон роиҷ аст ва ҳунармандони маъруфе, чун Одина Ҳошим, Давлатманди Хол, Карими Шиш ва Гулчеҳра Содиқова парвардаи ҳамин сабканд.

XS
SM
MD
LG