Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як зилзила Тоҷикистонро ларзонд


Масъулони Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳудуди кишвар заминларза рух додааст. Навбатдори ин марказ ба Радиои Озодӣ гуфт, зилзила соати 2:36-и рӯзи 27-уми май дар қаламрави ноҳияи Рашт ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи манбаъ, шиддати зилзила дар маркази он 4 балл будааст. Манбаъ афзуд, дар Душанбе шиддати ин зилзила 2 ва дар ноҳияи Рашт 3 дараҷа эҳсос шудааст. Навбатдори маркази зилзилашиносии Душанбе афзуд, то ҳол дар бораи хисороти ин зилзила гузориш нарасидааст. Дар аввали моҳи май дар Тоҷикистон чандин мавриди заминларза сабт шуда буд. Мақомот гуфтанд, ки дар пайи ин заминларзиҳо ҳудуди даҳ хона дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) пурра ё қисман хароб гардиданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG