Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мо ба гузориш дар бораи шиканҷаи ҳамҷинсгароҳо туф кардем"


Ҳамоиши фаъолон бар зидди таъқиби ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистон
Ҳамоиши фаъолон бар зидди таъқиби ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистон

Порлумони Чеченистон аз вокуниш ба гузориши созмони ҳуқуқи башари Human Rights Watch, дар бораи даст доштани мақомот дар шиканҷа ва куштори эҳтимолии ҳамҷинсгароҳо даст кашид.

Намояндаи котиботи порлумони Чеченистон Зелимхон Ҷамолиддинов рӯзи ҷумъа ба радиои "Эхо Москвы" гуфт, ки намояндагони мардумӣ ба ин таҳқиқ туф кардаанд ва муаллифони гузоришро "резахури дастархони аврупоиҳо ва журналистони фурӯхташуда" номид.

Рӯзи ҷумъа Human Rights Watch тасдиқ кард, ки баҳори соли равон пулиси Чеченистон даҳҳо ҳамҷинсгароро таъқиб, таҳқир ва шиканҷа кардааст. Дар гузориши ин созмон омадааст, ки дар таъқиби ҳамҷинсгароҳо дар саросари кишвар раиси порлумон Магамед Доудов эҳтимол нақши калидӣ дошт.

Авоили моҳи апрел нашрияи "Новая газета" аз таъқиби саросарии ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистон гузориш дод. Гуфта мешуд, ки беш аз 100 ҳамҷинсгаро боздошт ва бархе аз онҳо кушта шуд. Мақомоти Чеченистон ин маълумотро дуруғ хонданд.

XS
SM
MD
LG